Маҳфили «Хандарез» бо гурўҳи «Арабшо компания»

Баъд аз зуҳри имрӯз, 18-уми ноябр дар шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии   «Хандарез» баргузор гардид.
Дар маҳфил ҳунармандони гурўҳи «Арабшо компания» Дўстмурод Шарипов ва ҳаҷвнависи тоҷик Қосимҷон Зарифӣ иштирок доштанд.
Маҳфил хеле хотирмон буд. Ҳунармандон ҳар яке аз ҳаёт ва фаъолияти хеш ба меҳмонон қисса намуда, баъдан ба суолҳои иштирокчиён посух гуфтанд.
Дар ҷараёни маҳфил меҳмон шеъру сурудхонӣ карданд. Аз ҷумла, аъзои фаъоли шуъбаи хизматрасонии махсус Заринаи Абдураҳим,  мувофиқи талаби иштирокчиён сурудҳои тозаэҷодашро замзама намуд.
Ҳамчунин, аъзои фаъоли шуъба Муҳаммадҷон Холов бо тахаллуси Мадонна низ ширкат намуда, ба суолҳои иштирокчиён посух гуфт.
Хотири болидаи ширкаткунандагон аз ҳаҷву мутоибаи меҳмонон буд. Онҳо кӯшиданд маҳфил хотирмону ҷолиб гузарад. 
Маврид ба ёдоварист, ки ин дуюмин маҳфили “Хандарез” буда, дар маҳфили аввал буда, бо ширкати гуруҳи ҳунарии “Шакарханд” нимаи дуюми моҳи октябр баргузор шуда буд.
Қарор аст он ҳар моҳ як маротиба доир шавад.