Намоиши китоб бахшида ба иди Парчам

Шуъбаи хизматрасонии махсуси Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китоб доир кард
Рӯзи Парчам ҳамасола 24 ноябр дар саросари кишвар таҷлил мегардад.
Дар намоиш бештар аз 30 нусха китобҳо, аксу суратҳои гуногун, маҷаллаҳо, нашрияҳо гузошта шуданд.
Хоҳишмандон метавонанд бо ин китобҳо дар толори Шуъбаи хизматрасонии махсус, воқеъ дар ошёнаи якум ошно шаванд.