Ёздаҳ номгӯ китобҳои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои хонандаҳои ношунаво ва нобинои Китобхонаи миллӣ

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 номгӯ китобҳои тозанашрро барои хонандагони нобинову ношунавои Китобхонаи миллӣ туҳфа кард. Мавзуна Орумбекова-сардори Шуъбаи хизматрасонии махсус мегӯяд акнун бойгонии толори хониши ин шуъба бо 22 китоби нав ғанӣ шудааст ва ин китобҳо аллакай барои мутолиаи хонангон дар рафҳо гузошта шудаанд.

Акнун хонадагони толор  хониши шуъбаи хизматрасонии махсус имкон доранд китобҳои “Алифбо” барои синфҳои тайёрии мактабҳои кӯдакони ношунаво, “Китоби хониш” барои синфҳои якуми мактабҳои кӯдакони ношунаво,  китоби “Талаффуз” барои хонандагони синфҳои якум ва дуввуми мактабҳои барои хонандагони ношунаво, китоби “Инкишофи нутқ” барои кӯдакони ношунаво, “Алифбо” барои хонандагони шунавоияшон суст, “Забони модарӣ” барои нобиноён, қисми дуюми ҳамин китоб барои нобиноён, “Русская речь” барои нобиноёни синфи 2 гурӯҳи тоҷикӣ, “Математика” бо алифбои брайлӣ барои  хонандагони нобинои синфи якум ва ғайраро метавонанд мутолиа намоянд.

Гуфтанист, ки масъалаи нарасидани китобҳои чопи брайлӣ ва дастурҳои омӯзишӣ барои афроди дорои имкониятҳои маҳдуд аввали сентябри соли равон дар як мизи мудаввари Китобхонаи миллӣ бо ширкати намояндагони вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, ташкилоти маъюони шаҳри Душанбе, Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон ва зумрае аз созмонҳои байналмилалӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта буд.

Дар айни замон толори хониши хизматраввонии махсус, ки асосан ба афроди дорои имкониятҳои маҳдуд хизмат мерасонад, дорои  5 ҳазору 689 адад китоб аст, ки аз он 4008 адад китобҳои тоҷикӣ, 1009 адад русӣ ва 672 китоб бо ҳуруфи брайлӣ мебошад.