Аз ҷумлаи мутафаккирони маъруфи форсзабони Ҳинд аст, ки бо форсӣ ва урду эҷод кардааст. Дар Тоҷикистон пажуҳишҳое дар мавриди ин мутафаккир сурат гирифтаву қисмате аз осораш чоп шудаанд.
Ғолиб Мирзо Асадулло нависандаи ҳинду 21 декабри соли 1797 дар Акбаробод ба дунё омадааст. Ғолиб асарҳояшро ба забонҳои форсию урду эҷод кардааст. Гузаштагони Ғолиб аз
Сафармуҳаммад Аюбӣ шоири тозагӯ буд. Ашъораш миёни мардум аз маҳбубияти хосе бархӯрдор буд. Ҳамин маҳбубият буд, ки ба бештар аз 200 шеъри Аюбӣ аз ҷониби оҳангсозони тоҷик оҳанг баста шудааст. Аз рўи сенарияҳои Аюбӣ 10 филми телеаизионӣ ба навор гирифта, калонтарин чорабиниҳои давлатии солҳои 1994-97- и пойтахт ва консертҳои ҳукуматӣ таҳия шудаанд.
Сафармуҳаммад Аюбӣ 20-уми декабри соли
Профессор Ҳамид Мансуров аз чеҳраҳои маъруфтарини тибби тоҷик буд. Муаллифи зиёда аз 900 асари илмӣ, 18 монография, дорандаи унвонҳои зиёди илмӣ ва ҷоизаҳои давлатӣ буд. Зери роҳбарии Мансуров 80 рисолаи номзадӣ ва 18 рисолаи доктории илм ҳимоя карда шудааст.
Мансуров Ҳамид Ҳусейнович дар Самарқанд 20-декабри соли 1925 таваллуд ёфтааст.
Ба таваллуди Аҳмад Махдуми Дониш 191 сол ва ба даргузашташ аз олам 120 сол шуд. Аз бузургтарин донишмандони охири қарни 19 аст. Пешвои маорифпарварон. Бо ҳайате аз аморати Бухоро ду маротиба сафари шаҳри Питербург кардааст ва ин сафарҳо дар бозгашт муҳтавои сафарномаҳои ӯро ташкил додаанд. Ва шояд ин ягона бузургворе аз бузургони то инқилобии тоҷик аст, ки тавассути сафараш ба Русия расми зиндаи ӯ дар нашрияҳо интишор ёфтаву имрӯз дастрас шудааст.
Аҳмад-махдум ибни Носир нависандаи маъруф, мутафаккири
Агар Шоири халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром зинда мебуд, имрӯз ба синни мубораки 85 медаромад. Шоири маҳбуб 24 сол пеш, тирамоҳи соли 1993, вақте дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт ва Тоҷикистон мушкилтарин рӯзҳои хуро пушти сар мегузошт, тарки олам кард.
Қутбӣ Киром аз ҷумла шоирони шинохтаи нимаи дуюми қарни бистум буд, ки аз худ шеъру достонҳои зиёд, қиссаҳо, пйесаҳо ба ёдгор гузоштаву номи худро дар дафтари таърихи тамаддуни миллат абадан сабт кардааст.
Шиблии Нуъмонӣ адабиётшинос, нависанда ва ходими ҷамъиятии Ҳиндустон 14 декабри соли 1857 дар шаҳри Аъзамгарҳи Ҳиндустон таваллуд шудааст. Мадрасаи Аъзамгарҳро хатм кард. Муддате ба адвокатӣ машғул шуд. Ба шаҳрҳои Ҳиндустону Арабистон сафар карда, аз уламои он ҷойҳо дониш андўхт ва барои асарҳояш маводи фаровон ҷамъ овард. Мудири шуъбаи форсии коллеҷи Алигарҳ, раиси
