22 – уми декабри соли 2017 кормандони Китобхонаи миллӣ дар толори калони муассиса Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастаҷамъона шуниданд.
Гузориши мустақим аз аз “Кохи Сомон” аз ин рӯйдоди тақдирсоз барои кормнадони китобхона
24-уми декабри соли равон Артисти Халқии СССР, устоди беназири санъати мусиқӣ Ҷӯрабек Муродов ба синни 75-солагӣ қадам мениҳад.
Ҷӯрабек Муродов аз ҷумлаи ҳунармандонес, ки бештар аз ним аср саҳнаи ҳунари кишварро гарм нигоҳ медорад. Аз муваффақтарин сарояндагони нимаи дуюми асри ХХ ва аввали асри ҳозир буда, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя маъруфияти хос дорад.
Имрӯз ба зодрӯзи профессор худойназар Асозода 76 сол пур шуд. Устод Асозода аз ҷумлаи олимони пуркор, шахсияти вораста ва инсони покманише буд, ки бармаҳал тарки ҳаёт кард. Барои шогирдону пайравон ва насли имрӯз аз устод Асосзода китобҳои зиёди пажуҳишӣ боқӣ мондаанд, ки номи ин олими пуркору пажуҳишгари нотакрорро зинда медоранд. Дар бораи шахсияти устод Асозода суҳбате доштем бо бародарашон Мусо Асозода - докторанти кафедраи
Евгений Бертелс аз ҷумлаи муваффақтарин мусташриқони собиқ Иттиҳои Шӯравӣ аст, ки як бахши муҳими таҳқиқоташро ба таърихи адабиёти форсу тоҷик бахшидааст. Омӯзишҳои пайваста ва донистани забон барояш имкон додааст, ки бо дидгоҳи хос таҳқиқотҳои пурарзишеро дар мавриди бузургони адабиёти тоҷик, аз ҷумла Низомӣ, Ҷомӣ, Аттор, Фирдавсӣ ва дигарон интишор диҳад.
БЕРТЕЛС ЕВГЕНИЙ ЭДУАРДОВИЧ 25- уми декабри соли 1890 дар шаҳри Петербург ба дунё омадааст. Шарқшиноси рус, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1946).
Нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” куҳантарину ҷомеътарин нашрияи фаъоли адабию иҷтимоии Тоҷикистон аст, ки инак ба қуллаи 90-солагӣ расид. Шумораи нахустини маҷалла бо номи “Дониш-биниш” дар Самарқанд интишор ёфт. Аз шумораи дувуми соли 1927 то соли 1932 он бо унвони “Раҳбари дониш” чоп мешуд. Аз соли 1932, бино бар таҳаввулоти сиёсие, ки ба ҳаёти адабию фарҳангӣ низ нуфуз карда буд, номи ин маҷалла “Барои адабиёти сотсиалистӣ” шуд, ки ба сурати мухтасар “БАС” низ қайд мегардид. Аз соли 1934 то 1964 маҷалла унвони “Шарқи сурх”-ро дошт ва аз шумораи 5-уми соли 1964 то имрӯз бо номи “Садои Шарқ” интишор меёбад. Дар тӯли ин таърих танҳо бо шурӯъи Ҷанги бузурги Ватанӣ аз соли 1941 то 1945 чопи маҷалла қатъ гардид ва аз соли 1946 боз интишори он давом ёфт.
Нусхаи электронии Феҳристи мазкур дар нишасти илмию адабӣ ба муносибати 90-солагии "Садои Шарқ" рӯзи 25-12-17, соати 14 дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагон ба ҳамаи ҳаводорон пешкаш мегардад.
Рустам Ваҳҳобзода-сардабири “Садои Шарқ” дар бораи феҳристи мазкур дар саҳифаи худ дар Фейсбук навишт: Нашрияи миллии адабии «Садои Шарқ» дар баробари анҷоми вазифаи асосии худ, ки нашри осори арзишманди адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ба манбаи муътабар ва сарчашмаи пурфайзи маърифатию пажӯҳишӣ табдил шудааст.
Бисѐре аз муҳаққиқон дар тавсифи ин маҷалла ибораи «Солномаи
