«Ҳаёт бо об месабзад»

Дар толори матбуоти даврӣ намоиши рӯзномаву маҷаллаҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» баргузор шуд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми охири худ ба парлумони кишвар бори дигар аз нақшаҳои навини  Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ояндаи наздик сухан ронда, зикр доштанд, ки  «мо татбиқи

Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” дар толори хониши кӯдакону наврасон

“Ҳамешабаҳор” ҳамоиши навбатии худро дар толори хониши кӯдакон ва наврасон барои хонандагони хурдсоли Китобхонаи миллӣ доир намуд.

Шоири маъруф Хайандеш-масъули ин маҳфили ҳамеша ҷолиб дар суханони муқаддамотии худ гуфт, ки “ҳадафи ин нишаст пайдо кардани истеъдодҳои ҷавон аст. "Ҳамешабаҳор" талош мекунад истеъдодҳоро дар миёни ҳама одамон, ҳар синну сол пайдо ва муаррифӣ

Тафреҳ: се шеъри хуб аз Абдулҳусайни Тавфиқ

Абулҳусайни Тавфиқ соли 1297 (1918) дар шаҳри Қандаҳори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида ба ҷаҳон  кушод.  Соли 1329 ба Кобул омада, ба доираи адабии он пайваст. Бинобар он ки ашъори ватандўстонаву зидди истибдод мегуфт, соли 1330 дар шумори рўшанфикрони зиёде ба зиндон афтод. Баъдан дар бахши бойгониву нашароти миллӣ кор кард.

Бибиҷони рафтаи бачаҳо: ёде аз шоираи ширинкалом Гулчеҳра Сулаймонӣ

Ду мисраъ аз як шеъри дилнишини Гулчеҳра Сулаймониро шояд бисёриҳо то кунун медонанд:

Бибиҷонам меояд,

Дилу ҷонам меояд.

Ва чун аз аз ин олам рахти сафар баст, баъзе нашрияҳо навиштанд: Бибиҷон дигар намеояд.

Адиби маъруфи кӯдакон Ҷӯра Ҳошимӣ ба синни мубораки 70 расид

Ҷӯра Ҳошимӣ аз муваффақтарин адибони кӯдакнависи Тоҷикистон аст. Адибе, ки ҳамвора талош кардааст барои кӯдакон шеърҳояшро дар ҳамкорӣ бо оҳангсозони маъруф ба оҳанг дароварад.

Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон мехонем:

Додоҷон Раҷабӣ: рӯзноманигор ва адиби хушкалом

Марҳум Додоҷон Раҷабӣ яке аз рӯзноманигорон ва адибони пуркори тоҷик буд. Баъди солҳо кори рӯзноманигорӣ кардан, бо чопи чандин ҳикояву повест, пурра ба навсандагӣ гузашт ва имрӯз аз ӯ бештар аз 10 китоби хуби хонданӣ ба мерос дорем.

Додоҷон Раҷабӣ 12 январи соли 1938 дар Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи омўзгории Хуҷандро хатм

Страницы