16 нафар аз таҷрибаомӯзони Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаи дарсии худ вориди Китобхонаи миллӣ шуданд ва бо шароити он аз наздик ошно гаштанд.
Омӯзгорон аз ҳар ноҳияи кишвар буданд ва баъзеи онҳо бори аввал аз Китобхонаи миллӣ дидан мекарданд. Онҳо мегуфтанд, қаблан аз нақлҳо шунидаву дар мақолаҳо дар бораи ин
Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба сардори Шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Китобхона
Фирдавс Аминов ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва ногаҳонии бародараш тасаллият арз мекунад.
Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳон аст.
Бозгашти ҳама сӯйи Худост!
Соли 2017-ум 28 ҳазору 273 нусха адабиёт ба маблағи умумии 540821,13 сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид ва мавриди коркард қарор гирифтааст. Ба захираи умумии Китобхона 25 ҳазору 071 нусха ба маблағи умумии 428111,98 сомонӣ ворид карда шуд.
Дар ин бора субҳи имрӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар соли 2017 сухан рафт.
Соли панҷум аст, ки шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба забони тоҷикӣ «Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия намуда, пешкаши хонандагон мегардонад. Дар қисми аввали тақвим ахбору воқеаҳои соли 2018 ва дар қисми дуюм лавҳаҳои библиографӣ вобаста ба санаҳои мавлуди арбобони намоёни сиёсӣ, давлатӣ, адабӣ, илмию фарҳангӣ фароҳам омадааст. Зимнан дар қисмати аввали ахбору воқеаҳои соли 2018 намояндагони сиёсию давлатӣ, ҳизбию ҷамъиятӣ, Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ, Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ, генералҳо (ҳамаи навъҳои низомию маъмурӣ ва адлия) аз Тоҷикистон, ҳамчунин олимон (академикҳо ва аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон, докторҳои илм, профессорон, номзадҳои илму дотсентон (бо унвони забоншинос, адабиётшинос, муаррих, файласуф ё олими соҳа муаррифӣ мешаванд), адибону журналистони
Дар аввалин ҳафтаи соли нави 2018 боғи Китобхонаи миллӣ соҳиби саду як дарахти нави ороишӣ шуд. Ин рӯзҳоро кормандони китобхона ба омода кардани ҷой барои дарахтони нав машғул буданд.
Бо мусоидати Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода аз Боғи миллии ботаникии кишвар саду як дарахти сӯзанбарг оварданд ва онҳоҳоро дар саҳни китобхонаву боғи
Кормандони Китобхонаи миллӣ дар як ҳамоиш бори дигар ба муҳимтарин нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ошно шуданд. Ин ҳамоиш баъд аз зуҳри дирӯз баргузор шуд ва Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар суханронии муфассали худ роҷеъ ба муҳимтарин бахшҳои Паём ибрози назар намуд.
