“Аз шеърҳои Ҷавҳарӣ сарсарӣ гузаштан дуруст нест. Мумоилайҳ шеърро басо устодона менигорад. Зотан Ҷавҳарӣ ба таври қадим аз устодони адаби он давра аст. Ҷавҳарӣ муқаллиди Бедил аст аммо дар тақлид он қадар сохтакорию такаллуф ба кор набурдааст, бинобар ин аз ин тақлид ба фасоҳати табии забон зарари куллӣ рӯй надодааст.
Ҷавҳарӣ дар насри форсӣ низ муқтадир аст, лекин насрашро ниҳоят душворфаҳм менависад. Бо хоҳиши фақир барои тарҷумаи ҳоли худ чизе навишта фиристода буд, ки нисбатан ба соири мансуроташ хеле сода аст... ”. (Садриддин Айнӣ, Намунаи адабиёти тоҷик)
Аз сари субҳ гуруҳе паз кормандони Китобхонаи миллӣ ба корҳои ободгарӣ идома доданд.
Саҳни бинои Китобхона ва ҳотаи онро аз хасрӯбаву сангрезаҳо тоза карданд. Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳо ва баргҳои хазон тоза карданд.
Ободгарӣ дар Китобхонаи миллӣ муддати ҳудудан як ҳафта пеш сар шуда, ҳамоно идома дорад.
Каримов Хуршед Ҳилолвич дар синни 79-солагӣ аз олам даргузашт. Аз маъруфтарин олимони соҳаи рустанипарварӣ дар кишвар буд. Шахсе, ки таълими мактабҳои Шӯравиро гузаштаву дар соҳаи кишоварзӣ кашфиётҳои беназир кардааст. Китобҳои ӯ ҳоло ҳам мавриди омӯзиш дар донишгоҳҳоянд. Як силсила аз пажуҳишҳои вай ба хоҷагии халқ миллионҳо даромади соф овардаанд.
Хуршед Каримов - доктори илми биология 10
Дар аввалин солҳои пирӯзии инқилоби Октябр ва ташкили Тоҷикистони Шӯравӣ Юсуф Вафо ва Сайидалӣ Вализода машҳуртарин шоирони мардумӣ буданд. Бо сабки дилнишин ва заболни ноби тоҷикӣ ва фаҳмо ба кулли мардум рӯбоиву дубайтӣ мегуфтанд. Ашъорашон мардумӣ шуд, чун аз даҳон ба даҳон мегузашт ва танҳо хеле баъдҳо сурудаҳои Юсуф Вафо дар шакли
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи ҷаҳонии маъюбон таҷлил шуд. Директори муассиса профессор Абдусалом Мирализода зимни ширкат дар ҳамоиши Шуъбаи хизматрасонии махсус иброз дошт, ки маъюб будан ҳаргиз ба маънои берун аз ҷомеа будан нест. Нуқси ҷисмонии инсон ба ҳеч ваҷҳ наметавонад муҷиби он гардад, ки инсон аз равандҳои ҷомеа берун бошад.
Сарвари Китобхонаи миллӣ дар бахши дигари
Чанд рӯз аст, ки ниҳолшинонӣ дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ дар авҷ аст. Бо истифода аз ҳавои мусоиди аввали зимистон, ки мавсими ниҳолшинонист, кормандон дар ҷойҳои холӣ ва ба ҷойи дарахтони хушкидаву канори ҷӯйборҳо ниҳолҳои нав мешинонанд.
Имсол назар ба солҳои гузашта ниҳолҳо ба теъдод зиёд шинонда шуданд.
Кормандон аввал майдонро аз сангҳо тоза
