Дар аввалин солҳои пирӯзии инқилоби Октябр ва ташкили Тоҷикистони Шӯравӣ Юсуф Вафо ва Сайидалӣ Вализода машҳуртарин шоирони мардумӣ буданд. Бо сабки дилнишин ва заболни ноби тоҷикӣ ва фаҳмо ба кулли мардум рӯбоиву дубайтӣ мегуфтанд. Ашъорашон мардумӣ шуд, чун аз даҳон ба даҳон мегузашт ва танҳо хеле баъдҳо сурудаҳои Юсуф Вафо дар шакли китоб гирд омаданд.
Эй ағба кунун нигар, ки мо ободем,
Ин роҳи туро ба барфу борон додем.
Ин як байти машҳури Юсуф вафост, ки бо илҳом аз бунёди роҳи ағба навиштаву Шӯравиро ситоиш мекунад, ки дар бағали куҳҳо ҳам роҳ барои мардум мекушояд. Як байти ба назар сода, вале дорои бадеияти хеле олист.
Юсуф Вафо соли 1888 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Масчо дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Пеш аз Инқилоби Октябр дар Тошканд, Хуҷанд, Қўқанд рўз мегузаронд. Баъдан ба деҳааш баргашт. Дар он ҷо бар зидди душманони синфӣ мубориза бурда, сохти колхозиро тарғиб намуд. Чанд муддат сардори бригада буд. Дар сохтмони роҳҳои Мастчоҳу Заҳматобод, Сталинободу Панҷакент ва Ўротеппа иштирок дошт.
Эҷодиёти Юсуф Вафо дар ду давр гузаштааст. Дар ашъори тоинқилобии ў шикоят аз ҷафоҳои рўзгор ва беадолатиҳои замон мавқеи асосӣ дорад. Инқилоб ба назми Юсуф Вафо сафои тоза овард. Ў Инқилоби Октябрро бо мамнуният истиқбол гирифта, дар шеърҳояш ҳукумати Шўро, Ленин, озодии заҳматкашон, истиқлоли занон, ободии кишвар ва дигар муваффақиятҳои ҳаёти навро тараннум кардааст.
Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли 1941-1945 ашъори ў халқро ба қаҳрамонию фидокори ҳидоят намудаанд. Дар эҷодиёти Юсуф Вафо таъсири назми китобӣ баръало ҳис мешавад. Ў дар шаклҳои рубой, ғазал ва суруд шеър гуфтааст. Шеърҳои ҳаҷвӣ ҳам дорад, ки дар онҳо муллою бойҳои фиребгар мазаммат шудаанд. Шоири халқи тоҷик 10-уми августи соли 1945 дар зодгоҳаш аз дунё гузашт.
Бозчоп аз «Энсиклопедияи советии тоҷик». – Душанбе, 1988. – Ҷ.8. – С. 224.
Муаллиф: В. Асрорӣ.
Аз Юсуф Вафо ва дар бораи ӯ дар Китобхонаи миллӣ ин асарҳоро метавонед бихонед:
Бо шумо ман зиндаам. – Душанбе: Адиб, 1990. – 160 с.
Рубоиҳои Ю. Вафо: Шоири халқ аз Мастчоҳ // Намунаҳои адабиёти тоҷик. – 1940. – С. 559-600.
Рубоиҳои Ю. Вафо: Шоири халқ аз Мастчоҳ аз китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик». – 1940. – С. 283.
Дар борааш
Асрорӣ, В. Оид ба ҳаёт ва эҷодиёти шоири халқ Юсуф Вафо // Ахбороти шўъбаи фанҳои ҷаъмиятӣ. Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон. – 1954. – С.85-107.
Асрорӣ, В. Эҷодиёти Юсуф Вафо: Материал барои очерки таърихи адабиёти советии тоҷик / В. Асрорӣ. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1956. – 100 с.
Умаров, Х. Шоири халқ Юсуф Вафо / Х. Умаров., Ҳ. Маликов. – Душанбе, 1988. – 14 с.
Сайфиев, Н. Як чанд сухан дар бораи китоби «Эҷодиёти Юсуф Вафо» // Газетаи муаллим. – 1957. – 10 январ.
Боқӣ, М. Лаҳзаҳо аз ҳаёти шоир: Ба пешвози 80 – солагии рўзи таваллуди шоири халқи тоҷик Ю. Вафо // Ҳақиқати Ўзбекистон. – 1968. – 3 август.
Қутбӣ, К. Рубоиёт ба ёди Ю. Вафо // Садои Шарқ. – 1970. – №12. – С.25-27.
Ҳикояҳо аз рўзгори Юсуф Вафо / Таҳияи Усмон Олим // Адабиёт ва санъат. – 1986. – 31 июл.
Хушгўиҳои шоир Ю. Вафо: Бахшида ба 100 – солагии шоир // Садои Шарқ. – 1988. – №12. – С. 94-96.
Умаров, Х., Аюб, С. Ёдбуди шоири мардумӣ: Ба муносибати 100 – солагии зодрўзи Юсуф Вафо // Адабиёт ва санъат. – 1988. – 8 декабр.
Таҳияи Меҳрангез Ғуломова
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ