Дар нуҳ моҳи сипаришуда кормандони шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ 1 480 нусха китоб дар ҳаҷми 500 750 саҳифа нусхабардорӣ ва ба шакли PDF баргардониданд. Китобҳои омодашуда ба сервери ftp, бойгонии китобҳои электронии Китобхона аст, ҷойгир карда шуд. Китобҳои электронии Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон ба 319 202 адад расонида шуд, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда,
Зарфи нуҳ моҳи охир 20 ҳазору 205 нафар ба узвияти Китобхонаи миллӣ пазируфта шуданд ва шумораи аъзои доимии ин боргоҳи маърифат ба 185 686 нафар расидааст. Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода зимни эълони рақамҳо афзуд, ки дар ин нуҳ моҳ назар ба нуҳмоҳаи соли 2018 5946 нафар бештар хонандагон ба узвият қабул шудаанд.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 Китобхонаи милии Тоҷикистон ба маблағи 371 946, 63 сомонӣ 25 240 нусха китоб харидааст. Ба захираи умумии Китобхона 20 161 нусха ба маблағи умумии 322 429, 63 сомонӣ нашрияҳои мухталиф ворид шудааст. Дар ин бора дирӯз дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода –Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт.
Шеър оби мусаффои чашмаи шоир аст, ки аз ҳиссиёти баланд ва неку созандаи ў ҷўш мезанад. Дар ҳақиқат ҳар кас, ки қалам ба даст мегирад, гўӣ масъулияти бузурги инсонӣ ва тарбияти насли башарро бар уҳда гирифтааст.Ҳақ бо ҷониби шоир аст, ки ин маънии бузургро ба риштаи назм кашида ва мефармояд:
Ҳар, ки сухан бар сухане зам кунад
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.
Шеъри шоирӣ ва мусиқии калом наздиктарин мунис ва эҳсоси башар ва рўзгорони куҳан то имрўз будавау ҳаст. Ҳамин эҳсос ва ҷавҳари дарунию фитрӣ аст, ки шоир ё сароянда ин эҳсосҳо
Китоби мазкур ба таҳқиқи ҷойгоҳи ҷанбаҳои илмӣ ва амалии ҳунари мусиқӣ дар осори Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ бахшида шудааст. Дар он бори аввал матни илмӣ- интиқодии рисолаи маъруфи ба илми мусиқӣ бахшида шудаи Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар асоси муқоиса ва таҳқиқи се нусхаи дастхати он пешниҳоди аҳли адаб ва ҳунар мегардад.
Муаллифи китоб доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ ҳамчунин муаммои ирфонии истифодаи рамзҳои вобаста ба Дувоздаҳмақом, оҳангҳои маъруфи замон ва номи созҳои мусиқиро дар ғазалиёт ва маснавиҳои «Лайлӣ ва Маҷнун», «Хирадномаи Искандарӣ», «Юсуф
Миллати тоҷик дар миёни бонувон донишмандони варзида зиёд дошту дорад, ки яке аз онҳо Мунзифа Ғаффорова буд. Муаллифи бештар аз 200 асари илмиву методист, дорандаи 2 ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени Дўстии Халқҳо, Ифтихорномаҳои Президиуми Шўрои Олии РСС Тоҷикистон ва медалҳо. Дар Осиёи Миёна нахустин зане буд, ки дараҷаи илмии доктори илмҳои фалсафаро гирифтааст.
