Олим, журналист, мутарҷим…

​  Масъуд Муллоҷонов, донишманди маъруфи кишвар се сол пеш ҷамъи моро тарк кард. Замоне рафт, ки се сол то навадсолагиаш монда буд. Роҳи эҷодии ӯ аз рӯзноманигорӣ оғоз шудааст, муддати хабарнигори нашрияи машҳури “Литературная газета” дар Тоҷикистон буд. Аз ҷумлаи қаламкашону пажӯҳишгаронест, ки кори ҳизбӣ ҳам кардаву муддате дар бахши таблиғи Кумитаи Марказии ҲК фаъолият ҳам доштааст. Аммо корҳои пажӯҳишии марҳум барҷастатару мондагортаранд.

 Масъуд Муллоҷонов 3-юми ноябри соли 1929 дар Душанбе дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм карда, дар аспирантураи назди он таҳсил намудааст. Дар идораи рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ

Ҳаштоду чаҳор соли устод Баҳриддин Камолиддинов

  Сухан аз устод Баҳриддин Камолиддинов аст. Яке аз маъруфтарин устодон дар риштаи забон, ки умре аз услубшиносӣ дарс гуфтаву даҳҳо китобу садҳо мақола дар бораи забони модарии мо иншо кардаанд. Рӯзи 8-уми октябр устод Камолиддинов ба синни мубораки 84 қадам мегузоранд. Рӯзи 3-уми октябр дар Мизи мудаввари Китобхонаи миллии Тоҷикитсон, ки ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуда буд, ҳузур ёфтанд ва андешаҳои худро роҷеъ ба

Боз чанд байти навёфтаи Рӯдакӣ

 Шарафи пайдо кардани ин чанд байт низ чун 3 байте, ки чанд рӯз пеш ироа шуда буд, ба донишмандони эронӣ, устодони Донишгоҳи Аҳвоз Насруллоҳ Имомӣ, Мижгон Шермуҳаммадӣ ва Саҷҷод Деҳқон тааллуқ мегирад. Мақолаи эшон ба номи “Баррасии абёте навёфта аз Рӯдакӣ дар фарҳанге ношинохта” дар шумораи 2, поизи 1397 маҷаллаи шеърпажуҳии “Бӯстони адаб” –и Донишгоҳи Шероз чоп шудааст.

 

Суханронии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

 Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад.

 Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу

Рӯзи муаллим ва “Дастони моҳир”

 Ҳар сол аввали моҳи октябр тадорукоти зиёди ҷашнӣ дорем, ки яке аз он Рӯзи муаллим аст. Кӣ намехоҳад устодашро муборакбод накунад? Магар бошанд ин гуна инсонҳо? Гумон мекунем на. Ва агар ҳастанд, пас хеле каму ангуштшуморанд. Ва ҳар рӯз борони табрикот ба муаллим дар шабакаҳои иҷтимоӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, радиову телевизион меборад. Муаллим сазовор аст, ки номашро на танҳо як рӯз, балки ҳар рӯз ба некӣ ёд кунанд.

Страницы