Муҳаққиқон: Мавлоно эҳтимол зодаи Вахш аст на Балх!

​  Бино бар ақидаи як зумра олимону муҳаққиқон Мавлоно эҳтимол зодаи Балх набуда, балки дар қисми шарқи водии рудхонаи Вахш, ки ба Амударё резиш мекунад, мутаваллид шудааст. Аз он ҷое, ки ин минтақа дар дигар тарафи рӯди Ому воқеъ аст,инро метавон гуфт, ки ҳамон қисмат дар Тоҷикистони имрӯза ҷойгир шудааст. Ин фазо аз нуқтаи назари фарҳанги як қисми Балх аст ва ин ҳамон маконест, ки Баҳоуддин Валад падари Мавлоно воизу ҳуқуқдон буд. Ӯ солҳои 1203-1211 дар онҷo кору зиндагӣ намуда, дар Самарқанд низ дар соли 1212 умр ба сар бурдааст. Сипас у эҳтимолан аз он ҷое, ки оилааш аз Вахш ба Анатолия дар соли 1216–1217 ҳиҷрат мекунанд, ба Балх бармегардад.

 Инро ҳам бояд фаромӯш накард, ки Бахоуддинро 

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад…

  Имрӯз, 30-уми сентябр Рӯзи гиромидошти Мавлоно Мавлавии Балхст. Аз се рӯз пеш ба инҷониб шабакаҳои иҷтимоӣ пуранд аз мақолоте дар бораи Мавлоно, осор ва эҷоди ӯ. Шоире, ки бо гузашти садсолаҳо меҳраш дар қалби миллионҳо шуъла мепошад ва ҳамасола беш аз соле қабл дар борааш мегӯянду менависанд. Ин пора аз “Найнома” – и Устод 

Мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар рушди илми тоҷик”

 Дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси Шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмии Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши занон дар рушди илми тоҷик” доир гардид.

 Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани муқаддимавии худ гуфт, ки “саҳми зиёиёну олимон дар ҳамаи соҳаҳои қишри ҷомеа зиёд ва назаррас аст. 

Гули гўёи Бадахшон: Фарзона дар бораи Мавҷигул

Мавҷигул зодаву парвардаи якчанд маърифату фарҳангӣ тавоност, ки дар маҷмўъ як тамаддуни мўҳташами умумибашарӣ ва як тамаддуни муаззами исломӣ будаанд. Ў менависад, ки «Орзу дорам, дар диёри бобоям – Баҷоури Покистону дар манзили бибиям – Кашмир, қадам занам ва дар деҳаи хушманзараи Дихори Афғонистон соатҳо истаму ба рўҳи поки аммаи бузургам – Бибироҷуни Қуръонхону Ҳофизхон, роз гўям». Нигоҳи Мавҷигул, ишқу умеду 

Агар хонӣ ту боре шеъри пурсўзу гудози ман...

 Агар умр бевафо намебуд Мавҷигул Зардодхонова – ин шоираи ширинсухан ба синни 56 қадам мегузошт. Вале сад ҳайфу дареғо, ки умраш басо кутоҳ буд: ҳамагӣ  48 сол зист. Ва озодаву зебо зист. Тирамоҳ ба дунё омад ва зимистони сард тарки олам кард. Дар ин умри басо кутоҳ аз худ бастаи шеъри ноб ба ёдгор гузошт, ки дар чанд китоб ва маҷмуаҳо дастаҷамъӣ гирд омадааст. Ва гӯё медониста, ки кам мезияд. 

 Ҳар кӣ будам, ҳарчӣ будам суст ё вологуҳар,

 Шеър мегуфтам зи умқи синаи худ пур аз шарар.

Ёде аз Амир Хусрави Деҳлавӣ

 

 

Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,

Ҳарчанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он болотарӣ.

Ҳаргиз наояд дар назар нақше зи рӯят хубтар,

Шамсӣ надонам ё қамар, ҳурӣ надонам ё парӣ?

Офоқро гар дидаам, меҳри бутон варзидаам,

Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ.

 

Страницы