Муҳаққиқон: Мавлоно эҳтимол зодаи Вахш аст на Балх!

  Бино бар ақидаи як зумра олимону муҳаққиқон Мавлоно эҳтимол зодаи Балх набуда, балки дар қисми шарқи водии рудхонаи Вахш, ки ба Амударё резиш мекунад, мутаваллид шудааст. Аз он ҷое, ки ин минтақа дар дигар тарафи рӯди Ому воқеъ аст,инро метавон гуфт, ки ҳамон қисмат дар Тоҷикистони имрӯза ҷойгир шудааст. Ин фазо аз нуқтаи назари фарҳанги як қисми Балх аст ва ин ҳамон маконест, ки Баҳоуддин Валад падари Мавлоно воизу ҳуқуқдон буд. Ӯ солҳои 1203-1211 дар онҷo кору зиндагӣ намуда, дар Самарқанд низ дар соли 1212 умр ба сар бурдааст. Сипас у эҳтимолан аз он ҷое, ки оилааш аз Вахш ба Анатолия дар соли 1216–1217 ҳиҷрат мекунанд, ба Балх бармегардад.

  Инро ҳам бояд фаромӯш накард, ки Бахоуддинро “Худовандгори Балх” мешумориданд ва як тазкиранавси пештараи Мавлоно менависад, ки Балх танхо зодгохи оилаи Мавлоно ба шумор меравад. Бинобар ин,падари Мавлоно хеле як шахсияти фаолу воизу олиму факехи замони худ буд ва ин шухрат на танхо дар русто балки дар тамоми Балх васеь буд.Ва уро балхи мегуфтанд.

  Кобил ба ёдоварист, ки Вахш дар Маснавии Маънави чандин маротиб ёд шудааст.Инчунин дар китоби “Маъориф”-и падари Мавлоно ва дар китоби Афлокӣ низ ёд шудааст.

  Аннемария Шиммел мутарчим, мавлонопажуҳ ва ховаршиноси шаҳири Олмон дар асари хеш таҳти унвони “Ман бодам, ту оташӣ” дар сахифаи 11 ишорае дорад ба як навиштаи (1989) мансуб ба олими олмонӣ Фритз Мейер, ки мегуяд: “Ситоишгарони афғон ва форс ҳанӯз моиланд, ки Мавлоноро Балхӣ садо кунанд” чун, ки хонаводаи ӯ  “Мавлоно” дар Балх зиндагӣ намудаанд кабл аз ин,ки ба тарафи ғарб ҳиҷрат намоянд.Бо вуҷуди ин хонаи эшон дар шаҳри воқеии Балх набуд.Тарҷеҳан, он гуна,ки олими олмонӣ Фритз Мейер нишон медиҳад,маконе ё худ ҷое, ки Мавлоно ҳамроҳи киблагоҳаш Баҳоудин Валад ҳамчун ҳуқуқдон ва воиз бо инҳирофи ирфонӣ зиндагӣ мекард, ин ҳамон шаҳри Вахш буд, ки дар қисмати шимоли Амударё воқеъ мебошад.

  Франклин Луиз дар асари худ “Мавлоно, гузашта, ҳозира, Шарқ ва Ғарб: Ҳаёт, таьлимот ва ашъори Ҷалолидини Румӣ” 2000 сол, китоби ҷилди коғазии 2003 дар саҳифаҳои 47–49 ёддоште дорад. Дар ин саҳифаҳо профессор Луиз ду саҳифаи аз ин китоби бузурги хешро ба мавзуи Вахш бахшида аст, ки дар идома мегуяд:

 “Баҳоудин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад,аммо Мавлоно вақте, ки мутавваллид мешавад, тақрибан дар миёнаи моҳи июни соли 1204 ва 1210 дар ана ҳамин давра Баҳоудин дар хонае аз шаҳри Вахш (китоби “Маъориф”-и Баҳоудин)Вахш асосан пойгоҳи асосӣ ва доимии Баҳоудин ва хондони у маҳсуб меёфт, танҳо то он замон, ки Мавлоно ҳанӯз дар овони 5 - солагӣ буд. Дар ҳамон вақт пас аз гузашти чанде дар соли 1212 оилаи Валадҳо ба Самарканд ҳиҷрат намуданд.Аммо онҳо бидуни модари Баҳоудин рафтанд.Модари Баҳоудин, ки тақрибан 75 сол дошт, дар ҳамон ҷо, яьне Вахш монд.”

Манбаъ: “Интернет”

Аз инглисӣ тарҷумаи

Фирдавси АЪЗАМ, соли 2010

Барчаспҳо: