Шоири як шеър. Шобегим Маликшоева

 Дирӯз, 10-уми октябр  дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рўнамоии китоби «Шоири як шеър» (Намунаи шеъри ҷавон) баргузор гардид. Дар ин маҷмўа як намуна аз шеъри Шобегим Маликшоева бо унвони «Ишқи сода» дар баробари шеърҳои дигар шоирони ҷавон рўи чоп омад.

Ишқи сода

Эй асиру пойбанди хотирот,

Ҳалқаи занҷири ёдат канда шуд.

Шишаҳои ҳасрати ёдат шикаст,

Мо аз Худоем ва ба сӯйи Ӯ бармегардем!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба корманди  Шуъбаи библиографияи миллӣ Парвина Қаюмова  ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми хоҳараш

ЗАРИНА ҚАЮМОВА

изҳори ҳамдардӣ мекунанд.

 

Назаре ба китобхонаҳои бузурги гузаштаи Шарқ

​ Дар тули 2500 сол андўхтани дониши башарӣ фақат дар инҳисори китобхонаҳо будааст. Ба қавли яке аз мутафаккирони Ғарб Томас Мор «Рўҳи тамоми гўзашта дар китобхонаҳо оромидааст». Дар сартосари таърих китобхонаҳо барои таблиғи афкори хос хидмат мебурданд. Ин нишондиҳандаи таъсиргузории сиёсӣ, иҷтимоӣ  ва ахлоқии китобхонаҳост.

 

Нуҳ моҳи такмили ихтисос

 Дар давоми 9 моҳ дар Марказ 131 нафар донишҷўёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишкадаи идоркунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаҳои таълимиашон ба таҷрибаомўзӣ ҷалб гардиданд. 

Ба пешвози муҳаббат

 Дафтари саввуми ашъори Иброхимҷон Дўстализода дастовези диловезест ба шодбоди милоди модар. Ин армуғони мубораки писари содиқ ба унвони модари гулпарвару чонпарварест, ки дар авроқи зарди обонмоҳу сафҳаҳои сапеди баҳман муҳри сабзи баҳорро мегузорад. Ин модари баҳорофарин дар замири фарзандаш низ баҳоргоҳи мубарро бунд кардааст, бо сабзтарин боғҳову зеботарин чаманҳо, бо осмони офтобоғўшу ҷўйборони зангўланавоз, бо хузури ҷонорою  ҷаҳонорои муҳаббат.

   Донишвари арҷманд устод Рустам Ваҳобзода, ки ба ду дафтари Иброҳиҷон аввалсухан навиштааст, зикр мекунад, ки «Шоири ҷавон дорои меҳвари эътиқодӣ›,  

Лаҳзае бо шеър. Махсум Олимӣ

Рўз то рўз зиндагиям мушкил аст,
Хонаам н-обод аз обу гил аст.

Илми шеъре, ки тамом омўхтам,
Зоҳидон гўянд илми ботил аст.

Ин чи шўру тирабахтӣ, ки кунун,
Дўстам имрўз бар ман қотил аст.

Субҳи ман сар мешавад аз дарду ғам,
Дарди бедармони ман, дарди дил аст.

Лаҳзае н-осудаам андар ҷаҳон,
Бас нишастанҳои ман дар соҳил аст.

Страницы