Нуҳ моҳи такмили ихтисос

 Дар давоми 9 моҳ дар Марказ 131 нафар донишҷўёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи исломии Тоҷикистон, Донишкадаи идоркунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи барномаҳои таълимиашон ба таҷрибаомўзӣ ҷалб гардиданд. Таҷрибаомузон тибқи супориши директори Китобхона профессор А.Мирализода барои ба забонҳо ва гурўҳо ҷудо намудани китобҳо ба ошёнаи 6-ум равон карда шуданд.

  Аз ҷониби кормандони Марказ ба 901- нафар ёрии шифоҳӣ ва ба 28 - нафар кормандон ва 1-нафар донишҷўи Коллеҷи фарҳанги ҷумҳурявӣ  ёрии хаттӣ расонида шуд.

  Кормандони Марказ дар давоми нўҳ 24-мақолаву хабарҳо оиди фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ дар сомонаи Китобхони миллӣ ва дар рузномаҳо ба чоп расоданд.

  Дар давоми 9 моҳ 5 барнома оиди омўзиши «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ» ва «Омўзиши кормандони китобхонаҳои мактабҳои олӣ”-ро омода намуданд.

  Кормандони Маркази такмили ихтисос дар зарфи 9 моҳи сипаригашта барои ғанӣ гардонидани фонди Китобхонаи миллӣ аз китобхонаҳои шахсӣ, коллеҷу донишкадаҳо ва шахсони саховатманд  7626-нусха китобҳои гуногун оварданд. Ба шуъбаи автоматикунонии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ зиёда аз 48000 китобҳои баъдеӣ, техникӣ, маркетинг ва менҷменти ПДФшуда супориданд. Ба ноҳияи Деваштиҷи вилояти Суғд mihd devastich <mihd.devastich@mail.ru>, 93-нусха китобҳои бадеии электронӣ барои озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ...” фиристода шуд.

 Дастури методӣ оиди “Созмондиҳии шабҳои адабӣ дар китобхонаҳо” дар ҳаҷми 158  саҳифа  омодаи чоп аст. Роҷеъ ба фаъолияти Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ маълумотномаи оморӣ омода  мешавад ва ин кор дар остонаи анҷом аст.  

 Аз Марказҳои такмили ихтисоси китобхонаҳои миллии Қазоқистон, Узбекистон, Беларуссия ва Русия барои ҳамкорӣ бо Марказ мактубҳо ирсол гардиданд.

 Дар айни замон Марказ барои ташкил ва гузарони семинари ҷумҳурявӣ оиди “Ҳифзи ҳуқуқҳои муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар ташкили китобхонаҳои электронӣ”  омодагӣ мебинад.  

Юлчибой Мӯсоев

Барчаспҳо: