“Рухсора”. Чопи нави қисса бо сарсухани Муҳаммадҷон Шакурӣ

Шоир  ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи  ҷоизаи  адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Корманди  шоистаи маданияти  Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1934- 1994) аз худ осори гаронбаҳое, боқӣ  гузоштааст, ки қиссаи «Рухсора» яке аз онҳост. “Рухсора” ҳатто замоне, ки нависанда дар қайди ҳаёт буд, зиёд чоп шуд ва миёни хонандагон маҳбубият пайдо кард.  Ва ахиран нашриёти  “Олами китоб” онро интишор додаву як тақризи басо пурмуҳтавои академик Муҳаммадҷон Шакуриро низ овардааст. Устод Шакурии зиндаёд аз ҷумла навишта:

 Ҳоло  адабиёти  мо масъалаи одамиятро, масъалаи инро,

Чун Насимӣ растагор аст аз фанову аз адам...

Саид  Имодаддин  Насимӣ  аввалин  касест,  ки  ба  забони  озарбойҷонӣ  девони  комилеро   ба  вуҷуд  оварда,  роҳи  ноҳамвори   каломи  манзумро    барои   ҳамзабонони   худ  тахту  ҳамвору  хушсалиқа  гардонид.  Аз  ин  ҷиҳат,  муҳаққиқини   ватаниву  хориҷӣ  Саид  Имодаддинро   яке  аз  поягузорону  саромадон  ва  сарсупурдагони  адабиёти   Озарбойҷон   пазирафтаанд.

 Китоби  мазкур  бо   амри  Президенти Ҷумҳурии  Озарбойҷон  ба  муносибати   650 – солагии  шоири  бузург  ва  мутафаккири  барҷаста   Имодаддини  Насимӣ  бо  ташаббус  ва  дастгрии  Сафорати  Ҷумҳурии  Озарбойҷон   дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  

 

Дар бораи Миралӣ Достиев чӣ медонем?

  Достиев овози форам ва маҳорати баланди эҷодӣ дорад. Дар операҳои тоҷикӣ ва классики ҷаҳонӣ беш аз 50 партия (нақш) иҷро кардааст: Марулло, Маркиз де Обри («Риголетто» ва «Травиата»-и Ҷ.Верди), Онегин, Елетский («Евгений Онегин» ва «Моткаи қарамоишоқ»-и П.И.Чайковский), Дон Жуан («Дон Жуан»-и В. Мотсарт), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно), Фигаро («Сартароши севилӣ»-и Ҷ.Россини), Рустам («Рустам ва Суҳроб»-и Т.Сатторов), Шоҳ Наср («Комде ва Мадан»-и З.Шаҳидӣ), Исмоил («Амир Исмоил»-и Т.Шаҳидӣ), Наср («Рўдакӣ»-и Ш.Сайфиддинов), Кумар(«Посбони оташ»-и Т.Шаҳидӣ), Восеъ(«Фарёди дуриҳо»-и Т.Сатторов), Шоҳ («Қишлоқи тиллоӣ»и Д.Дўстмуҳаммадов) ва ғайра.

Доъиҳои донишвар

 Дар илму адаби форсӣ-тоҷикӣ чандин нафар бо ном ё тахаллуси Доъӣ эҷод кардаанд. Ин Доъиҳо дар гӯшаву канори қаламрави форснишин ҳаёт ба сар бурдаву асарҳои мондагори худро навиштаанд.  Дар матлаби зер бо истифода аз Энсиклопедияи миллии тоҷик чанде аз ин Доъиҳоро бароятон ошно мекунем. 

               Доъии Андиҷонӣ

 Доъии Андиҷонӣ шоири тоҷики асри 16. Аз зодгоҳаш Андиҷон барои таҳсил ба Бухоро омада, дар мадрасаи Мири Араб таҳсил мекард. Дар сини камол оиладор шуд,

Маснавии «Каломи Мавлавӣ». Дафтари ҳафтум

 Таманнои муридӣ ба Мавлавии бузургвор ва пайванди эҷодӣ бо ашъори оламшумули ў дар дили бас қаламкашон мисли баҳри пуртуғён дар ҷўш аст, ки адиби тоҷик, сареҳтараш ҳамдиёри Ҷалолуддини Балхӣ – Одина Раҳмон, яке аз онҳост. Дар қалби ў ин ошиқиву дилдодагӣ ба дараҷаест, ки умед дорад, достонҳое дар пайравии Мавлавӣ эҷодкардааш «Маснави маънавӣ»-ро боз ҳам комилтар хоҳанд кард.

 Чӣ ҳам метавон гуфт, орзуҳову умедҳои ширин дар ҳеҷ сину со лайб нест. Ба муалиф баҳо додану дар ин роҳи сафед хостан дар ихтиёри хонандаи арҷманд боқӣ мемонад. Танҳо ин монда, ки муаллифро бо истифода аз маълумоти ом ада дар китобаш

 

Мо ва Парчами мо

 Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ нангу номус,ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик маҳсуб ëфта,волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум  баҳри  ободию осудагии кишвари  зебоманзарамо,ҳаммароми  “Дирафши Коваëн” бо тобиши се ранг:

 

Страницы