«Адабиёти бостон» нахустин китоби дарсии нисбатан мукаммал доир ба таърихи адабиёти пешазисломии мардуми эронитабор аст, ки аз ҷониби донишманди маъруфи тоҷик Шарифмурод Исрофилниё зери назари академикаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ таълиф шудааст. Ин китоб аз рўйи беҳтарин ва мўътабартарин маъхазу сарчашмаҳо ва асарҳои тадқиқотии ховаршиносони ватанию хориҷӣ фарҳам омадааст, то тавонад маводи дарсии донишҷўёни ихтисоси суханшиносиро таъмин кунад ва ҳамчунин ниёзи алоқамандони адабиёти бостонро бароварда гардонад.
Чунин ном дорад китоби наве, ки ахи ран ба Китобхонаи миллӣ ворид гардид ва муаллифи он адиби маъруфи Озарбойҷони қарни ХХ Ҷалил Мамедқулизода мебошад. Китоб бо талоши профессор Муҳаммадсалом Машғулов ва сарсухани Академик Исо Ҳабиббейли, муовини Президенти Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон дар нашриёти “Эр-Граф” интишор ёфтааст.
Хонандагони тоҷик дар ин китоб намунаҳои олии эҷодиёти классики машҳури адабиёти озарбоҷони асри XX, нависанда ва драматург, намояндаи маъруфи ҳақиқатнигории интиқодӣ,
Равшан Раҳмонӣ аз маъруфтарин пажӯҳишгарони фолклор, мардумшинос, адабиётшинос, рӯзноманигор аст ва даҳҳо китобҳояш, ки бо чандин забон интишор ёфтаанд, гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Муаллиф ва таҳиягари 35 китоб ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ ва оммавӣ мебошад, ки аз ҷумла 15 китоб ва мақолаи зиёди илмии эшон дар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидааст. Дар асарҳояшон бахшҳои гуногуни фарҳанги тоҷикони ҷаҳон ва мардуми ориёитаборро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор гирифтааст.
Равшан Раҳмонӣ 28 ноябри соли 1954 дар деҳаи
Дронов Виктор Иванович 29 феврали соли 1932 дар вилояти Воронеж ба дунё омад. Муҳаққиқи геологияи Помир ва Афғонистон, проф., д. и. геология ва маъданшиносӣ (1994). Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Ўзбекистон (1955). Ходими калони Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1956), сардори гурўҳи геологию харитасозии Бадахшони Кўҳӣ (1956).
Дронов харитаи геологии ҷанубу ғарби Помир (1958), харитаи геологии ҷанубу Помир ва Помири Марказӣ (1961), харитаи геологии Помир (1969), Шакл (схема)-и тектоники Помир 1:000000-ро бо эзоҳҳояш тартиб додааст.
Чунин ном дорад китоби ашъори Мирзоҷамол, ки ахиран дар шаҳри Душанбе интишор ёфт. Дар муаррифии он мехонем: “Китоби "Дар ҳарими моҳтоб"-и шоир Мирзоҷамол мавзӯъҳои гуногунро дар бар гирифта, аз ғазалу қитъа, манзумаву рубоиву дубайтӣ иборат аст. Сароҳати сухану табъи равони шоир китобро хонданӣ кардааст. Он туҳфаи хубест барои аҳли завқ ва хонандагону мухлисони шеъри рӯз”
Китоби мазкур бо ду ҳуруф: крилӣ ва форсӣ чоп шуда ва ин чанд абёт барои хонандагони сомона интихоб шуд:
Дар ин маҷмўа намунаи ашъори шоирони ҷавон, ки дар озмуни шеъри ҳафтаномаи «Тоҷикистон» - «Килки сабз» ширкат варзиданд, гирд оварда шудааст. Ҳадафи озмуни мазкур дарёфт ва муаррифии соҳибистеъдодҳои ҷавон аст. Китоби мазкур фарогири ашъори зиёда аз 50 шоири ҷавон мебошад. Маҷмўа ба доираи васеи хонандагон тавсия мешавад.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар сарсухани китоб аз ҷумла менависад: Маро ҳар номи наве дар адабиёт шод мекунад, махсусан боз дар замоне, ки адабиёт аз бисёр пуштвонаҳои моддиву маънавии пешинааш бебаҳра шудааст ва ҳоло ҳар касе
