​Дар бораи Забони давлатӣ чиро бояд донист?

Забони давлатӣ, мақоми расмие, ки давлат ба як ё якчанд забони маъмули серистеъмоли мамакат медиҳад. Чунин мақом ба зимаи аҳолӣ, шахсони мансабдор, инчунин мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати татбиқ ва истифодаи он уҳдадориҳои муайян мегузорад. Ба Забони давлатӣ коргузорӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ сурат мегирад, қонунҳо нашр мешаванд, интихоботу райъпурсӣ баргузор мегардад ва ғайра. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони

Рӯ ба илм. Забонаҳои офтоб, яъне чӣ?

Забонаҳои офтоб, машъалаҳои офтоб, машъалаҳое, ки бевосита дар гирди доғҳои Офтоб мушоҳида мешаванд. Забонаҳои офтоб ба намуди қитъаҳои нисбатан равшан дар канорҳои қурси Офтоб беҳтар мушоҳида шуда, ҳарораташон нисбат ба ҳарорати атроф то 20000С баландтар аст.

Забонаҳои офтоб дар гирди доғҳо ҷой гирифта, аз онҳо пештар пайдо ва дертар нест мешаванд.

Завқии Дарвозӣ кӣ буд?

​Завқии Дарвозӣ Абдулқоҳир, Эшони Домулло соли 1800 дар деҳаи Сангевн, Дарвози Бадахшон ба дунё омадааст, шоири тоҷик. Дар зодгоҳ, дар муҳити хонаводагӣ омўзиш дидааст. Завқии Дарвозӣ дар байни мардуми Дарвоз ба нисбаи «Домулло» шуҳрат дошт. Барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафта, айёми толибилмӣ ба шеър гуфтан оғоз кард ва тадриҷан дар ин фан устоду номвар шуд. Дар мухаммас гуфтан маҳорат дошт. Абёти зер аз ўст.

Оташам, дар хирмани хошок шўру шар задам,

Сафҳаи дилро ба тори ростӣ мистар задам.

Завқиҳо дар адабиёти форсу тоҷик

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шоирону нависандагони зиёде бо ному тахаллуси Завқӣ эҷод кардаанд. Ҳар кадоме дар гӯшае аз қаламрави форсзабонон макон доштаву бо завқу салиқаи хос шеъру достон сурудаанд. Шояд бо ин тахаллус хеле зиёд донишмандон дошта бошем. Ва ин бояд бештар пажӯҳиш шавад. Дар ин матлаб аз чанде ёд мекунем.

Завқӣ

Абдуқаҳҳор ибни Муҳаммадкарим, шоири тоҷик. Дар Бадахшон маълумоти ибтидоӣ гирифта, таҳсилашро дар Бухоро давом дод ва пас аз хатми мадраса  ба зодгоҳаш

Каъбаро пеши ман оред, ки зоир бошад! Чанд шеъри устод Низом Қосим дар остонаи маҳфили “Ҳамешабаҳор”

Қарор аст ин маҳфил рӯзи дигар, 28-ноябр соати 15:00 дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шавад. Мавзӯъ: “Баҳори Низом Қосим”, ки дар он китоби шоири маъруф “Биё, дилро ба барги гул бипечонем” ба баҳс кашида мешавад. Вуруд ба маҳфил озод аст. Маҳфилафрӯз Афзалшоҳи Шодӣ, маҳфилоро Хайрандеш. Маҳфил аз ҷониби Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашрияи бачагонаи “Пайрав” дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Каъбаро пеши ман оред... 

 

Парчам – баёнгари ормонҳои миллат

Яке аз рамзҳои давлатдории мустақил барои ҳар як миллат мавҷудияти  парчами давлатӣ ба ҳисоб меравад. Боиси ифтихору сарбаландии мо аст, ки яке аз суннатҳои дерину бостонии давлатдории мо, нишони шукўҳу шаҳомат ва нангу номуси миллии аҷдодони сарбаланди мо дар даврони Каёниён ин дирафш ё ба ибораи дигар «Дирафши Ковиён» буд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёти гуногун, ки то замони мо расидаанд, дурустии андешаи моро собит менамоянд. То давраи суқути давлати

Страницы