Мунтазири лутфи ёронам ҳанӯз...Ёде аз шоири ғӯрамарг Ҷумъа Дӯст

Ҷумъа Дӯст. Баробари ба забон овардани ин ном меҳри беандоза ба қалбҳои  ёру  дӯстон, кулли хешу ақрабо ва инчунин дӯстдорони адабиёт ҳувайдо мешавад. Дубора рӯҳи поку ҷовидонааш бидуни ихтиёр бо чеҳраи шоду шукуфабораш пеши назар меояд. Ӯ ниҳоли навбари ғарқи гул дар майдони фарохи адабиёт буд. Бо сабки услуби шеъри навину муосир ва диди  тозаю нав. Саҳифаҳои матбуоти солҳои 80-уми қарни гузаштаро дар қатори шоирони барҷастаю ҷавон шеърҳои шодравон Ҷумъа Дӯст рангу ҷило мебахшиданд. Вале, сад афсӯс! Дар айнӣ авҷи камолоти эҷодӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ бо аҳли оилааш рӯзи 24-уми  ноябр соли 1986 аз  маҳфили мо рафт,

Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Солномаи  матбуоти Ҷумҳурии  Тоҷикистон» - феҳристи давлатии  матбуоти  чопӣ  буда,  мақсади он сари вақт ба хонандагон  расонидани иттилоот дар бораи  нашри  китоб  ва матбуоти  даврии  дар  ҷумҳурӣ  нашргардида мебошад. «Солномаи  матбуоти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  роҷеъ  ба  нашри  китобу  маҷалла,  рўзнома  ва дигар  маводи  чопие, ки дар  ҷумҳурӣ  ҳар семоҳа ба табъ  мерасад  маълумот  медиҳад.

Муассисаи  давлатии  Агентии  миллии  Созмони  байналмилалии рақамгузории  стандарти  китоб – хонаи  китоби  Тоҷикистон (собиқ Палатаи давлатии  китоб) то

Анҷоми боз як давраи омӯзишӣ барои китобдорони ҷавон дар Китобхонаи миллӣ

​Дар Маркази такмили ихтисоси Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” давраи дувуми омӯзишии мутахассисони навомўз аз рўйи барномаи “Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ” дар ҳаҷми 36 соат ҷамбаст гардид.  Натиҷаи ин омўзиш таълими асосҳои дониши касбӣ барои шунавандагон муносиб гардонидани раванди омўзиши

Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон. (Китоби 3)

Маҷмўаи сеюми «Библиографияшиносӣ ва китобшиносӣ дар Тоҷикистон» бахшида ба масоили назарӣ, илмӣ, методӣ ва амалии библиографияи давлатӣ ва миллӣ натиҷаи таҳқиқотҳои илмию амалии солҳои охири олимону мутахассисони ҳирфаиро дар саҳафоти хеш инъикос  намудааст. Мусанниф кӯшиш ба харҷ додааст, ки мақолоти  инъикоснамояндаи самтҳои гуногуни таъриху вазъ ва фаъолияти муосири библиографияи давлатиро, ки аз назари илмӣ арзишманд арзёбӣ мегарданд, интихоб ва дар маҷмўа ҷой диҳад. Маҷмўа ба муҳаққиқону мутахассисон, омӯзгорону донишҷўёни соҳаи библиографияшиносӣ ва эҳтиёҷмандони касбу кори гуногун пешбинӣ мегардад.

Профессор С. Сулаймонӣ: Мавқеъ ва ҷойгоҳи китобхонаҳои давраи исломӣ дар рушди илм. Бахши охир

​Дар миёни китобдўстони бузурги Бағдод, халифа Ҳорунаррашид (766 – 809) мақоми хосе дорад. Ў дар дарбори хеш мутарҷимонро гирд овард, то осори нависандагони Юнони қадимро барояш тарҷума кунад. Фарзанди ў Маъмун, ки дар солҳои 813 то 832 ҳукумат мекард, академияи маъруфи «Байт – ул –ҳикма» -ро таъсис кард, ки дорои як расадхона ва як китобхонаи бузург буд.

Китоб ва китобхонаҳо

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Китобхонаи миллӣ барои баргузории даври ниҳоии он омода аст

Бо омақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  5 толори махсус  ба ҳар як наминатсия омода карда шуд.

Страницы