Фарзона Мирзоева - сармутахассиси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ, ки чанде пештар рисолаи номзади худро дар соҳаи журналистика дар мавзӯъи «Пайдоиш ва ташаккули сарчашмаҳои иттилоотии англисӣ дар Тоҷикистон» дифоъ карда буд, аввали ҳафтаи равон соҳиби Шаҳодатнома шуд ва акнун расман номзади илмҳои филологист. Ҳамкору ҳамкасбамонро ба ин муносибат муборакбод мекунем. Ба ҳамин муносибат як суҳбати кутоҳе ҳам доштем ва нахуст пурсидем, ки рӯ овардани шумо ба илм интихоби кӣ буд: аз худатон ё
Бо ташаббуси Ширкати Антиплагати Федератсияи Русия рӯзи 26 ноябр дар мавзӯи «Системаи Aнтиплагиат” ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ ва таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари миллӣ дар низоми онлайн баргузор гардид. Дар кори семинар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷумҳурӣ якҷо бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Дар ин семинар Директори
Ҳамчуноне аз сарлавҳа дарёфтед, ин китоб чиҳилу як сол пеш рӯи чоп омадааст. Ҷилди аввали асари панҷҷилдаи “Тазкираи адабиёти бачагон” дарбаргирандаи назм аст, ки аз устод Айнӣ оғоз мешавад ва бо Наимҷон Назирӣ ба поён мерасад. Китоб асосан назми бачагонаи шуарои кишварро гирд овардааст ва он имрӯз ҳам аз аҳамияти вижа бархӯрдор мебошад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор марҳум Раҷаб Амонов ба ин китоб як сарсухани пурмуҳтаво навишта ва дар он аз ҷумла
Қиссаи таърихии «Исёни Назир» ба корномаи Назир, писари Халифа қурбон, ки дар деҳаи Кўли Сўфиён зиндагӣ мекард, бахшида шудааст. Қаҳрамони қисса ҷавонмарди ҳақталош буда, баҳри манфиати мардуми деҳаҳои гирду атрофи Кўли Сўфиён алайҳи зулму истибдоди бекигарии Балҷувон баромада, дар ин роҳ шуҷоату мардонагӣ ва матонату диловарӣ нишон дода, дар натиҷаи роҳбарии дурандешона бар ҳокими Балҷувон ғалаба мекунад ва дар мубориза бо сарбозони мири Ҳисор шикаст хўрда, дар талошу ҷонбозиҳо ба ҷазо гирифтор мешавад.
Асари мазкур ба равияи печутоби зиндагӣ ва бархўрдҳои
То қарни ҳафтум арабҳо нақши муҳиме дар минтақаи Ховари наздик ифо накардаанд, аммо пас аз зуҳури Паёмбари ислом, Муҳаммад ( с) дини ҷадид ( ислом ) – ро, ки онон зиндагӣ ва нишоти азиме бахшид, поя ниҳоданд. Баъд аз реҳлати ҳазрат Муҳаммад (с) футуҳоти шитобанда ва мавқеиятомези худро дар кишвариҳои хориҷ оғоз карданд. Чунон, ки тўли танҳо чанд даҳа ба ҳаёти империяи нерўманди
Шоири тоҷик (асри 16). Зодгоҳаш Миёнколи Самарқанд, аз ин рў дар баъзе маъхазҳо бо номи Завқии Миёнколӣ низ ёд шудааст. Дар ҷавонӣ дар баробари аз худ кардани улуми роиҷи замон, ба шеър гуфтан пардохт. Ҳамзамононаш ўро соҳиби завқи баланд ва дар гуфтани шеър нексухан тавсиф кардаанд. Дар баробари ҳокими Самарқанд – Қулаҳмадхон ба унвони «маликшшуаро» мушарраф гардидааст. Завқии