Чаро мо таҷрибаи библиографии гузаштагонамонро истифода накардем?

Библиографияи адабии тоҷик, чуноне таъкид шуд, библиографияи мустақил аст. Библиографияи давраи шўравӣ бо ёрии библиографияи рус ва дигар халқҳои ИҶШС ба воя расид. Таҷрибаи бойи библиографияи рус суръати пешравии библиографии моро тезонид. Аммо таҳлили дастурҳо, муносибати библиографон дар ҳалли масоили ҷудогона аз эҷодкорона истифода шудани ин таҷрибаи пешқадам шаҳодат медиҳад. Ба ҳисоб гирифтани хусусияти адабиёти тоҷик, шароити маҳаллӣ ба такмилу беҳшавии услуби танзими ин ё он шакли дастурҳои библиографӣ анҷомид. Яъне библиографияи адабии тоҷик дар ҷараёни рушди худ назария ва таҷрибаи библиографияи русро васеъ

​Дониш. Чиро ЖАНР меноманд?

Жанр, жанри бадеӣ (франс, genre  инс, навъ), гурўҳбандӣ ва таснифи дохилии  ҳамаи  намудҳои адабиёт ва санъат аст, ки таърихан сурат гирифтааст. Мафҳуми Жанр  чун  истилоҳи  адабиётшиносӣ  дар Фаронса (асри19) ба  вуҷуд  омода  бошад  ҳам, ҳудуди он ҳанўз ба таври қатъӣ муаян нашудааст. Баъзе адабиётшиносон эпос, лирика ва  драмаро, ки ҷинси адабӣ ҳастанд, жанр

Рӯ ба илм. Забти ситора чист?

Забти ситора, забти як ситора бо ситораи дигар, ки бо таъсири ситораи севвум ба амал меояд. Тақрибан беш аз 50 дарсади ситораҳоро дар осмони ситоразор ситораҳои дугоник ташкил медиҳанд. Онҳо низоми ягонаи динамикӣ дошта, зери таъсири қувваи ҷозибаи ҳамдигар дар атрофи маркази умумии масса чарх мезананд.

Чунин низомро танҳо ҳолати таъсири ҷозибаи байниҳамдигарӣ ва таҳаввули физики ҳамсафари он

Дар сўгвории ҳамкор, бародар ва дӯсти азизам, шоири тавоно Алишери Муҳаммадӣ

Алишери Навоӣ гар набудӣ,

Алишеъри сухан будӣ бароям.

Ту рафтӣ бармаҳал аз сактаи дил,

Бароят мотами дил месароям.

Бароят мотами дилро чу ашке,

Маҳфили “Дастони моҳир” ва ҳайвоноту парандаҳои хонагӣ

​Дар маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-и шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ мавзӯъ «Ҳайвонҳо ва парандаҳои хонагӣ» буд. Чун анъана муаллима дар бораи ин ҳайвонҳо ва парандаҳо бо ширкаткунандагони наврас суҳбат кард, назари онҳоро пурсид. Маълум гардид, ки аксари ин бачаҳо дар бораи ин ҳайвонҳо ва парандагон маълумоти кофӣ доранд.

Дар бораи ҳайвонҳо ва парандаҳои хонагӣ дар шароти шаҳр гуфтан чандон вақти зиёд намехоҳад. Аксари мардум дар шаҳр дар хонаҳои баландошёна зиндагӣ мекунанд ва аксаран шояд ба ҷуз гурба, дигар ҳайвони хонагӣ надошта бошанд. Баъзеҳо албатта, сагонро ҳам нигоҳ медоранд, вале ин теъдод одам хеле каманд. Аз парандаҳо мурғони қафасӣ, аз қабили кабку тӯтиву

Чопи китоб аз замони Бостон то ба имрӯз. КИТОБҲОИ КӮЧАК

Дар шўъбаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон дохили қуттичае китобчаи кўчак бо пурбинаш нигоҳ дошта мешавад. Тахмин карда мешавад, ки ин китобча дар шаҳри Қазон аввалҳои садаи ХХ чоп шудааст. Муқоваи китобча аз чарми сурхи гулдор саҳҳофӣ шуда, қоғазаш сафедчаи тунук мебошад. Гирдогирди шерозааш зарҳалбандист. Андозаи ҳаҷмаш 1 х 1,5 сантиметр аст. Ин китобча «Қуръон» буда, тавассути пурбин қироат карда мешавад.

Страницы