Олими олимақом, адиби соҳибкамол

Саид Нафисӣ Ҳам олими муваффақ буд ва ҳам шоир ва ҳам нависанда. Вурудаш ба адабиёт аз шеъру қиссаву ҳикоя шуруъ шудааст. Вале дар пажуҳиши осори ниёкон аз ҷумлаи муваффақтаринҳо дар Эрони муосир аст. Бахусус, дар пажуҳиши устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шинохти ин нобиғаи назми оламгир хизматҳои шоиста кардааст. Ва ин хадамоташро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Аз профессор Раҳим Додхудоев чиро метавон дар Китобхонаи милӣ мутолиа кард?

Аз ҷумлаи маъруфтарин забоншиносони тоҷик аст, ки дар омӯзиши забонҳои помирӣ, таърихи забони тоҷикӣ, Авасто ва забонҳои помирӣ, фонетикаи таърихии забонҳои помирӣ хизматҳои шоён кардааст.
Додихудоев Раҳим Халилович 15 июни соли 1928 дар  деҳаи Сохчарви ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба дунё омадааст. Соли 1980 бо унвони доктори илми филологӣ ва соли 1981 профессор сарфароз гардонида шудааст.
Солҳои 1946-1950 дар Институти ҳарбии забонҳои хориҷии Вазорати мудофиаи СССР-ро хонда, дар системаи истихборотии низомии шўравӣ

Низомиддин Зоҳидӣ – шарқшиноси муваффақи тоҷик

Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода аз ҷумлаи олимони пуркорест, ки дар баробари пажуҳишҳои арзишмандаш як бахши муҳими сиёсати хориҷии кишварро раҳнамоӣ ва сарварӣ мекунад. Аз соли 2010 то соли 2016 муовин ва аз 2-феврали соли 2017 Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аст. Аз донандагони хуби забони арабист.
Низомиддин Зоҳидӣ  8 - уми июни соли 1957 дар деҳаи Пўлодони

Рӯзи ободонии охири ҳафта

Имрӯз ҳам чун анъанаи рӯзҳои шанбе дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободониву низофат буд.

Кормандон бештари вақти худро дар кабудизор гузарониданд. Ниҳолҳоро нарм карданд, ба гулҳо об рехтанд, бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд.

Ҳамчунин зарур омад як бори дигар ҷӯйборҳоро аз хасу хасрӯбаҳо тоза кунанд, то аз он об ба

Оварам шеъри Шукўҳиро гувоҳ...

Аз ҷумлаи шоирони тозагӯ буд. Ашъори ишқии ӯ дар сатҳи хеле баланд эҷод шуда буд ва замоне, ки зинда буд, хеле аз ғазалҳо ва шеърҳои ишқии ӯро маъруфтарин ҳунармандон ба оҳанг даровардаву мехонданд. Ҳам ғазал гуфта ва ҳам рӯбоиву дубайтӣ. Дар шеър барои кӯдакон ҳам муваффақ будааст. Насри барҷаставу мондагор дорад.
Аминҷон Шукўҳӣ 10 – уми июни соли 1923 дар деҳаи Рўмони ноҳияи Хуҷанд ба дунё омадааст.

Баъди хатми курсҳои муаллимтайёркунӣ дар мактабҳои ноҳияи

Омўзиш ва муаррифии осори таърихӣ, фарҳангӣ ва экспедитсионии Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ

Шуъбаи нигоҳдории депозитарӣ яке аз сохторҳои асосии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар самти хадамоти китобдорӣ ҳифзу нигоҳдории асарҳои нодир ва иҷрои дархостҳои хонандагон нигаронида шудааст. Айни замон дар махзани шуъба асарҳои нодир аз қабили хулоса ва натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба таърих, фарҳанг ва этнографияи Тоҷикистон, матбуоти даврии

Страницы