Дар остонаи иди маъюбон, ки ҳар сол 8-уми июл таҷлил мешавад, Шуъбаи хизматрасонии махсус хонандагони фаъоли худ аз ҷумлаи афроди дорои имкониятҳои маҳдудро гирди як мизи мудаввар хонд, то бо ишон суҳбати самимию дилнишине дошта бошад.
Аксари касоне, ки ҷамъ омаданд ҳунармандоне буданд. Яке бофандаи хуб, дигари дӯзанда, сеюмӣ зардӯз, чорумӣ шоир ё нависанд ва ё таронасароест, ки сурудҳои мақбул мехонад.
Агар имрўзҳо ба шаҳру навоҳии Тоҷикистони азизамон назар кунем, ин мисраи Бедил зери лаб садо хоҳад дод: Бубин, ки тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо. Оре, чеҳраи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ билкул дигаргун шудааст, ба кўчаҳо иморатҳои зебои замонавии баландошёна ҳусни нав ва чеҳраи ботаровату тоза зам кардаанд. Ҳамаи ин меваи ваҳдати миллӣ аст ва бояд онро ба нархи ҷон ҳифз кунем.
Мардуми тоҷик, ки тақрибан 1000 сол пеш давлати миллии худро аз даст дода буданд. Баъди эълон гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол (1991), миёни гурўҳҳои нохудогоҳу қудратталаб мухолифат ба вуҷуд омад. Ва ин нофаҳмӣ оҳиста-оҳиста мардуми тоҷикро ба майдонҳо кашонд, то ҷойе ки падар бо писар ва бародар бо бародар муқобили ҳам истоданд. Кор то ҷойе расид, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зад. Дар ин ҷанги бародаркуш ҳазорон нафар ҷони худро аз даст дода, ҳазорони дигар маҷруҳу бесарпаноҳ гашта, ба иқтисоди кишвар миллионҳо сомонӣ хисорот ворид гашт ва мамлакатро даҳҳо сол боз ба ақиб партофт Бояд тазаккур дод, ки халқи тоҷик дар тули таърих бо азми қавӣ, иродаи маҳкам, ақли расо ва фарҳанги воло маълуму машҳур
Ширкаткунандагони як ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ нақши расонаҳои хабарӣ дар тарғибу ташвиқи Ваҳдати миллиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Имрўз дар толори Шуъбаи матбуоти даврии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот бо ҷавонон роҷеъ ба «Нақшу ҷойгоҳи Ваҳдати миллӣ дар рушду нумуи меҳан ва нақшу мақоми ВАО дар тарғибу ташфиқи Ваҳдати
Садорат ва кулли кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба корманди Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ Саломов Абдуғаюр ҷиҳати даргузашти бармаҳалу ногаҳонии модари бузургвораш изҳори тасаллият намуда, ба марҳум аз Худованд Фирдавси барин ва ба бозмондагонаш сабри ҷамил хоҳонанд.
Мо аз Худоем ва ба Ӯ бармегардед!
Устод Ҳомид Маҷидов – яке аз забоншиносони маъруфи кишвар ба сини мубораки 80 қадам гузошт. Умре, ки ҳамаро сарфи пажуҳишҳои илмӣ кард ва ҳосили ин умр танҳо кушоишҳои илмӣ ва хидмат дар рушди забоншиносии тоҷик набуда, балки садҳо шогирдони муваффақи ӯянд, ки имрӯзҳо дар сар то сари кишвар кору фаъолият менамоянд. Даҳҳо нафар бо кӯмаки ӯ рисолаҳои илмӣ ҳимоя кардаанд ва теъдоди касоне, ки дар навиштани корҳои димломӣ аз маслиҳату машваратҳои ӯ кор гирифтанд, ҳисоб надоранд.
Доктори илми филологӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон
