Нимаи якуми рўзи 24-уми июн дар арафаи Иди мубораки Рамазон маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иттифоќи касаба ва Шурои занони Китобхонаи миллӣ ба Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 2 адад тахтаи синф бо таҷҳизоташ ва китобҳои рангаи бачагона хадя намуд.
Агар устод Додихудо Саймиддинов зинда мебуданд, имрӯз аз баҳори 68-уми ҳаёт гул мечиданд. Вале сад дареғ, ки бори аввал имсол зодрӯзашонро пайвандон ва шогирдонашон бе ҳузури муборакашон мегузаронанд.
Эҳёгари таърихи осори гаронбаҳову аз байнрафтаи миллати ориёнажод, ситораи дурахшони бахши забоншиносӣ Додихудо Саймиддинов шахсияти нотакрор дар хотираи мардуми тоҷик боқӣ хоҳад монд.
Маҳз тавассути заҳмати пайгирона ва андешаи оқилонаи
Дар ободонии имрӯз кормандони Китобхона як теппаи хокиро дар ҳотаи китобхона ҳамвор карданд ва рӯзҳои дигар қарор аст он ба сабзазори нав табдил шавад. Гуруҳи дигари кормандон ба гулҳову сабзаҳо об монданд, ҷӯйборҳоро аз хасрӯбаҳои тоза карданд.
Ободонии имрӯза дар остонаи ду ид сурат мегирад. Яке иди Фитр аст, ки рӯзи душанбе таҷлил мешавад ва дуюмӣ иди Ваҳдати миллист, ки рӯзи сешанбе бо барномаҳои зиёди тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Китобхонаи миллӣ дар маркази пойтахт ҷойгир шудааст
Китобхонаи миллӣ 319 адад китоби тиббиро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба маблағи 29 ҳазору 505 сомонӣ харидорӣ кард. Ин китобҳо ҳоло барои истифода дар толори тиб ва табатшиносии Китобхона гузошта шудаанд.
Китобҳо бо ду забон: тоҷикӣ ва русианд. Аз ҷумла китобҳои “Атлас анатомия человека” (иборат аз 4 ҷилд), “Биохимия”, “Лечение болезней внутренных органов” А.Н. Окороков, китобҳои
Фарзанди номдори Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ, ки бо пайроҳаи падар нарафт, нависанда нашуд, шоҳроҳи илмро тай кард ва кимиёшиноси барҷаста шуд. Аз ровиёни хуби рӯзгори Ҷалол Икромист. Баъди реҳлати адиби номдор бо навиштани даҳҳо мақолаву оростани суҳбатҳои ҷолиб аз ҳаёти падар ва рӯзгори хонаводаи адиб қиссаҳои ҷолибе кардааст.
Зулфия Атоӣ (Атоуллоева Зулфия) 15-уми июни соли 1954 дар деҳаи Қалъаи Азими ноҳияи Ғончӣ дар хонаводаи омўзгор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дабистони деҳаи мазкурро хатм карда, соли 1970 ба факултаи забон ва адабиёти Универститети давлатии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соле барои таҳсил ба шаҳри Маскав рафт ва дар бахши назми Институти адабии ба номи М. Горкий таҳсилро оғоз намуд. Соли 1977 баъди хатми Институти адабӣ ба шаҳри Душанбе омад
