Шуъбаи адабиёти хориҷӣ бо 27 мамолики дунё мубодилаи байналмилалии китоб дорад

Бештари суолҳо дар бораи омўзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, забонҳои инглисӣ, олмонӣ, чинӣ, фаронсавӣ ва арабӣ буданд. Маълум буд, ки хонандагон ба забономӯзӣ шавқи бештар доранд.  Ва бо истифода аз фурсат кормандони шуъбаи адабиёти хориҷӣ ҳамаи хонандагони мактабро барои курсҳои омўзишие, ки Китобхона дар вақти таътили тобистона ба нақша гирифтааст, даъват намуданд.

Дар Китобхонаи миллӣ аз Раҳим Ҷалил чӣ метавон хонд?

Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи бисти тоҷик буд. Насрнависи муваффақи замонаш буд, повесту романҳояш аз маъруфияти вижа бархӯрдор буданд. Бо забони соддаву диди реалистӣ менавишт. Худро аз шогирдони устод Айнӣ медонист.

Раҳим Ҷалил 3- июни 1909 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст.   Маълумоти ибтидоиро дар мактаби куҳна гирифта муддате дар мадраса хондааст. Пас дар мактаби нав таҳсил карда, соли 1927 синфи ҳафтум ва баъд курсҳои кўтоҳмуддати муаллимтаёркуниро хатм намуд. Дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба тадрис машғул шуд.

Толиб Хаскашев ва забоншиносии тоҷик

Доктори улуми филологӣ, профессор, мудири пешини кафедраи  забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Толиб Наботович Хаскашев яке аз намояндагони варзида ва шинохтаи илми забоншиносии тоҷик буд.
Ҷаҳонбинии забоншиносии ў дар мактаби забоншиносии академик Л. В. Щерба, ки онро Мактаби фонологии Ленинград (МФЛ) меноманд,ташаккул ва сайқал ёфтааст.
Роҳи профессор Толиб Хаскашев дар илми забоншиносӣ ҳамвору наздик набудааст. Ў соли 1950 дар зодгоҳаш деҳаи Хизри ноҳияи Тавилдара  ба мактаб қабул шуда, соли 1959 мактаби миёнаи ба номи Телмани ноҳияи

Суолу ҷавоби бомавқеъ аз шароити Китобхонаи миллӣ

Корманддони Шуъбаи библиографияи миллӣ дар мактабҳои  рақаи 30, 15, 41, 88, 93, 94 мулоқот бо хонандагонро аз мавзуъи бойгонии бойи Китобхонаи миллӣ оғоз карданд. ва гуфтанд, ки бинои нави Китобхона барои нигаҳдории 10 миллион дона китоб пешбинӣ шудааст.
Дар мулоқот, ки дар доираи барномаи вижа сурат гирифт, сухан аз чигунагии истифода аз ин хазинаи бузурги китоб рафт.

Даъвати нави хонандагон ба Китобхона дар таътили тобистона

Имрўз кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ тибқи барномаи “Даъват ба Китобхона” ба мактабҳои таҳсилоти  умумии  №8, №12, №90 ва №92–и  шаҳри Душанбе рафтанд ва дар мулоқот бо хонандагону омӯзгорон онҳоро ба Китобхона даъват карданд.
Ҳадафи барнома ҷалби таваҷҷуҳи омма, бахусус наврасону ҷавонон ба китоб ва китобхона аст. Наврасон баъди мактаб илова ба роҳи хона бояд роҳи китобхонаро ҳам ёбанд ва ин манзили дуюми

Таҷрибаи эҷодӣ дар тарҷумаҳои Бозор Собир аз ашъори Афанасий Фет

Дар маҷмўъ, мутарҷим дар тарҷумаи ин шеър муваффақ шудааст. Ин муваффақиятро на танҳо дар мазмун, ҳатто дар оҳанг ва калимаҳои қофияи он дидан мумкин аст. Оҳанги он бо мазмуни шеър, ҳатто бо оҳанги матни асл мувофиқ омадааст ва интихоби қофияҳои мувофиқ, зебоии оҳангу маънии шеърро дучанд афзудаанд. Интихоби калимаи қофия қариб дар ҳамаи бандҳо муваффақона ба назар мерасад, махсусан,

Страницы