Эй вой, бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест...

Яке аз рӯзҳои моҳи май, аниқтараш 18-уми май Рӯзи ҷаҳонии бузургдошти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурист. Дар ин рӯз, ки мусодиф ба таваллуди олими бузур мебошад, дар сар то сари олам, бахусус дар он маконе, ки Хайёмро мехонанд, рӯзи бузургдошти адибро таҷлил мекунанд.

Аз омадан набуд гардунро суд,
В-аз рафтани ман ҷоҳу ҷалолаш нафузуд.
В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд,
К-овардану бурдани ман аз баҳри чӣбуд?

“Дастони моҳир”: Мо кудакони хушбахтем!

Дар барномаи навбатии “Дастони моҳир”-и Шуъбаи кӯдакон ва наврасон мавзуъи баҳс ва тасвир Рӯзи кӯдакон буд.
Рӯзе қабл омӯзгорон ба хонандагон супориш дода буданд, ки дар бораи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон фикр андеша ронанад ва барои рӯзи дигар омода бошанд. Ҳадаф аз ин супориш он буд, ки кӯдакон фурсати андеша дошта бошанд, то битавонанд ин рӯзро тасаввур кунанд, ки чӣ рӯз аст.
Рӯзи дигар мураббиён аз бачаҳо дар бораи ин рӯз

Олим, адабиётшинос ва рӯзноманигор Ҳамроқул Шодиқулов

Ангезаи ёд аз адабиётшиноси маъруф Ҳамроқул Шодиқулов хабари чопи китоби ёдномаи ӯ дар шаҳри Тошканд шуд. Дар остонаи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон нашриёти “Янги нашр”-и шаҳри Тошканд ёдномаи Ҳамроқул Шодиқуловро бо номи “Нишони некномӣ” бо сифати баланд аз чоп баровард. Китоб  бо ибтикори номзади илми филология Амина Шарофиддинова рӯйи чоп дидааст ва он аз

Аз Холиқ Мирзозода чиро метавон мутолиа кард?

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозода аз ҷумлаи пуркортарин олмони соҳа буд. Аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст ва китобу мақолоташ имрӯз ҳам дар макотиби олии кишвар мавриди истифодаи донишомӯзон қарор дорад.
Холиқ Мирзозода на танҳо ба таҳқиқи равандҳои рушди адабиёти муосир машғул буд, балки худ ҳам повесту роман менавишт.

«Забони миллат - ҳастии миллат» Муолоҳизоте атрофи китоби Пешвои миллат

Забони дарӣ, яъне забони имрўзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрўз ҷузви Тоҷикистон аст, нахуст падидор шуда,...сипас ба мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз ислом забони паҳлавӣ будааст, рафта ва забони саросари Эрон шудааст.

Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» ба масъалаи таърихи пайдоиш, рушду инкишоф ва таҳаввулу такомули забони тоҷикӣ дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ бахшида шуда, аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома иборат аст. Китоб 492 саҳифаро дар бар гирифта, бо аксу тасовири ба мундариҷаи китоб вобаста зиннат дода шудааст. Ин китоби пурарзиш соли 2016 аз тарафи нашриёти «Эр-граф», дар шаҳри Душанбе бо сифати баланд ба табъ расидааст.

Хатми боз як давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ

Нуҳ нафар кормандони китобхонаҳои донишгоҳҳои аграрӣ ва техникии Тоҷикистон бо хатми давраи кутоҳмуддати сайёри омӯзишӣ соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Ин давраи якмоҳаи омӯзишӣ дар мавзуъи «Фаъолияти китобдорӣ - иттилоотӣ» баргузор шуд ва дар он кормандони китобхонаҳои Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон  ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Академик Муҳаммад Осимӣ ширкат карданд.

Страницы