Китобхонаи миллӣ: Рӯзҳои ободонӣ ҳамоно идома доранд

Рӯзи истироҳати гузашта, якшанбе чун анъанаи рӯзҳои истироҳати ҳафтаи пеш кормандони Китобхонаи миллӣ худро миёни ҳотаи гулҳо заданд ва бо нарм кардани заминҳову об мондан ба гулҳои шукуфон корҳои ободониро давом доданд.
Кормандони Китобхона бехи гулбуттаҳоро нарм карданд, ҷӯйбори обро аз хасрубаҳо тоза намуданд, алафҳои бегонаро, ки монеъи рушди гулҳо мешуданд, чиданд.
Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ҳамин лаҳзаҳо

Рӯзе, ки шеър бар лаб аст....

Имрӯз, ду абаршоир, устодони назми муосир, ду шаҳсутуни шеъри миллат-Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат зодрӯз доранд. Ҳар касе бо шабакаҳои иҷтимоӣ иртибот дорад, мебинад, ки даҳҳо тан аз ашъори ин ду шоири мумтоз пораҳо мегузоранд ва атрофи шеърҳо баҳс мекунанд. Рӯзест, ки ҳамагон аз шеър сухан мегӯянд, аз зиндаёд Лоиқ Шералӣ ёд мекунанд, ба Муъмин Қаноат табрикот ирсол мекунанд.
Шуъбаи библиографияи миллии Китобхонаи миллӣ

Табрикоти хурдсолон ба бузургсолон

Дар барномаи навбатии “Дастони моҳир”, ки рӯзе қабл доир гардид, хонандагон тарзи омода кардани табрикномаҳоро омӯхтанд. Аслан ин бор мавзуъ тибқи дархости худи ширкаткунандагон сурат гирифт.
Бачаҳо ҳар кадом мехоҳад волидон, бародарону хоҳарон, дӯстон ва хешу ақрабои худ ва ҳамсоягонашонро ба ин ё он муносибат табрик кунанд. Ва табиист, ки ҳар боре ҷашневу маросиме пеш меояд, илова ба он ки туҳфа

Рӯзи ҳифзи кӯдакон: намоиши китоб дар Китобхонаи миллӣ

Ба пешвози Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи кӯдакон Шуъбаи хизматрасонии махсус бо гирдоварии бештар аз 30 номгӯй китобҳои гуногуни намоиши китоб доир кард.
Хонандагон ҳоло метавонанд дар гӯша китоби “Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон”-ро мутолиа кунанд.  Ин китоб энсиклопедист ва дар бораи таърихи аҳди бостон, падид омадани тамаддун, муъҷизаҳо дар таърихи башар, шинохти ниёгон, маълумоти хеле мухтасар, вале басо ҷолиб дар бораи

Суханро вазну тамкини замин бояд...

Бештар касоне, ки мехоҳанд дар бораи устод Муъмин Қаноат нависанд, ин байташро ҳамеша ё зикр менамоянд ва ё ҳаддиақал ба он ишора мекунанд:

Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

Устоди шоирони муосири тоҷик. Дар достонсароӣ баъди устод Турсунзода касе ба пояи ӯ нарасидааст. Бахусус достонҳои қаҳрамонии ӯ аз ҳикоёти Ҷанги

Страницы