Пайравони Пешвои миллат

Дар иқтибос нерўи созанда ва сўзанда будани ҷавонон ба он маънӣ омадааст, ки насли ҷавон воқеан ҳам созандаанд. Созандагии онҳо дар он ҳолат зоҳир мешавад, ки ҷавонон ахлоқу тарбияи намуна дошта бошанд ва доимо дар пайи ҷустуҷўйи илму фан буда, дониши худро пурра созанд ва агар аз уҳдаи иҷрои чунин вазифаҳо бароянд, метавон гуфт, ки ояндаи миллатро сохта метавонанд.

Сафи хонандагони Китобхонаи миллӣ аз ҳисоби донишомӯзони мактаб-интернати санъат ҳудудан сад нафар афзуд

Ҳудудан 100 нафар хонандагони мактаб-интернати махсуси санъати ба номи М.Атоев субҳи имрӯз соҳиби корти узвият дар Китобхонаи миллӣ шуданд.
Ин донишомӯзон бо даъвати Шуъбаи библиографияи миллӣ ба Китобхона омаданд. Баъди шиносоии наздик бо шароити боргоҳи маърифад, диду боздид аз толорҳои хониш, шиносоӣ бо

Зеботарин ва қадимитарин нусхаи хатии Маснавии маънавӣ

Маснавии маънавии Мавлавӣ,
Ҳаст Қуръон бар забони паҳлавӣ

Асари «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румиро метавон аз зумраи он чанд  шоҳасарҳои ҷудогонаи тарбиятгари ахлоқи некў ва тарғибкунандаи роҳи рост ба башарият шумурд. Ин асари пурмазмуну пурмуҳтаво аз тарафи мутафаккир ва шоири бузург Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) (ваф. 466 ҳ.) бо

Ободонии рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар Китобхонаи миллӣ

Рӯзи якшанбеи гузашта рӯзи дигари кор дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ буд. Кормандон ин рӯзро ба нармкунии бехи гулу буттаву дарахтон ва обёрии сабзазори он сарф карданд.
Ҷӯйбори бар асари бодҳои парешон аз хасрӯбаҳо пуршударо тоза карданд ва ба он қисмат аз заминҳо, ки об ба мушкил меравад, бо сатилҳо об кашиданд ва гулҳоро обёрӣ карданд.
Рӯзи душанбе бошад рӯзи низофат буд. Дар ин рӯз чун анъанаи ҳар моҳ кори низофат дар дохили утоқҳои корӣ

Шанбеи ободкорӣ дар Китобхонаи миллӣ

Аз сари субҳ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи ободкорӣ эълон шуд.
Баҳор ба поён мерасад ва тобистони гарм меояд. Агар гулҳоро хуб нигоҳубин накунанд, аз беобиву ташналабӣ хеле ба зудӣ пажмурда мешаванд.  Ва он талошҳои ободкориҳо дар гузашта ҳама баръабас мераванд.
Имрӯз зарур омад бештар бехи буттаву гул ва дарахтон об резанд. Оби ҷӯйбор на ба ҳама қисматҳо илоҷи рафтан дорад. Аз ин рӯ бо сатилҳо об овардану бехи гулу буттаҳо рехтан дозим шуд.

Страницы