Ҳудудан 100 нафар хонандагони мактаб-интернати махсуси санъати ба номи М.Атоев субҳи имрӯз соҳиби корти узвият дар Китобхонаи миллӣ шуданд.
Ин донишомӯзон бо даъвати Шуъбаи библиографияи миллӣ ба Китобхона омаданд. Баъди шиносоии наздик бо шароити боргоҳи маърифад, диду боздид аз толорҳои хониш, шиносоӣ бо намояндагиҳои фарҳангии кишвраҳои хориҷ дар Китобхона, дарсҳои забонҳои хориҷӣ ва ғайра майл ба узвият карданд.
Теъдоди умумии ин донишомӯзон бештар аз 80 нафар буда, аксари онҳо бори аввал ба Китобхонаи миллӣ омада буданд.