Ман баъди ҳама завол меоям боз...

Аз бузургтарин шоирони нимаи дуюми асри ХХ аст. Кам касеро дар зинаи шуҳрати ӯ суроғ дорем. Ҳатто агар дар Гугл бо исми ӯ нохун занед, ҳазорон шеъру мақолаву хотирот ва шоҳбайтҳояшро мехонед. Ҳеч шоире аз ҳамзамонони ӯро ин гуна шуҳрат насиб нашуда. Аз маргаш ҳам ҳудудан ду даҳсола сипарӣ мешавад, вале ҳамоно аз пурхонандатарин шоирони муосир аст. Ва ин ду мисраъ аз ӯст, ки гуфта:

Ало, шеъри Аҷам фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шўри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.

Ғолибони сабқати футбол бахшида ба Соли ҷавонон муайян шуданд

Сабқати футбол миёни дастаҳои Китобхонаи миллӣ, ки аз рӯзи 12-уми май оғоз шуда буд, шоми гузашта ҷамъбаст гардид.
Бозии финалӣ миёни тимҳои шуъбаҳои хизматрасонӣ ба муштариён ва илмӣ-таҳқиқотӣ баргузор ва дастаи шуъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ғолиб ва сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҷойи дуюм насиби тими шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён шуд.
Ғолибон сазовори Ҷоми Китобхонаи миллӣ ва туҳфаҳои хотиравии Китобхона ва Кумитаи

Суҳбат ва даъват

Чунин аст ҳадаф аз рафтан ба мактабҳо ва дидор бо хонандагону устодон, ки барои кормандони Китобхонаи миллӣ як анъана шудааст.

Кормандони шуъбаҳои кӯдакон ва наврасон ва рисолаҳои илмӣ зуҳри дирӯз, 17-уми май вориди мактаби таҳсилоти умумии рақами 49 ноҳияи Фирдавсии пойтахт шуданд ва бо устодону шогирдон дар мавзуъи китоб ва китобхона суҳбат

Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳои оммавӣ ва чойхонаҳои сурх

Библиография бахшида ба Тоҷикистон дар солҳои 20-30 – юми асри ХХ бештар аз тарафи олимон, сайёҳон ва библиографони рус анҷом мепазируфт. Танҳо баъди пайдоиши китобхонаҳои шаҳрӣ ва шўъбаҳои библиографии он дар ҷумҳурӣ фаъолияти касбии библиографӣ роҳандозӣ гардид ва барои ба низом даровардани фаъолияти китобхонаҳо ва хусусан шуъбаҳои библиографӣ аз китобхонаҳои бузурги ИҶШС, аз ҷумла китобхонаҳои шаҳри Ленинград (Санкт-Петербурги

Лафзе, ки аз латофати он ҷон кунад ҳузур...

Як мисраъ аз шеъри шоири тавоно, марҳум Убайд Раҷаб, ки 15-уми майи соли 2017 синнаш ба 85 мерасид, агар зинда мебуд....
Убайд Раҷаб 15  уми майи соли 1932 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакент ба дуннё омадааст.  Баъди хатми мактаби миёна вориди Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ) гардида, онро соли 1954 бо дипломи аъло хатм кардааст. Сипас дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаи «Машъал», рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият доштааст.
Соли 1961, бо даъвати бевоситаи устоди шоирон, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ба маҷаллаи адабии «Садои

Идомаи сабқати футбол миёни шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ

Сабқати футбол миёни шуъбаҳои Китобхонаи миллӣ, ки аз 12-уми май оғоз шуда буд, ҳамоно идома дорад. Ин мусобиқот ба истиқболи Рӯзи ҷавонон созмон ёфтааст ва қарор аст гуруҳҳои пешсаф дар ниҳояти кор бо ҷоизаҳои роҳбарияти Китобхона ва Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шаванд.
Аз сӯйи дигар созмондиҳандагони бозиҳои варзишӣ бар ин назаранд, ки шуғли варзиш

Страницы