Вазифаҳои муҳимтарини китоб – ин нигоҳ доштани донишҳое, ки асрҳои зиёд ҷамъ шудаанд ва гузоштани онҳо барои наслҳои оянда мебошад. Бо шарофати ин дар садсолаи охир ба одамизод муяссар гардидааст, ки дар илм ба мувафақаятҳои бузург ноил гардад. Бисёре аз ихтироотҳои илмӣ дар асоси маълумотҳои пештараи систематизатсиякардашуда ва натиҷаи таҷрибаҳо аз ҳама гушаҳои ҷахон кашф
Рамазон Абдулатипов, сиёсатмадор ва дипломати шинохта, сарвари Ҷумҳурии Доғистон, сафири пешини Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 11-уми май китоби худ “Халқи тоҷики ман”-ро ба Китобхонаи миллӣ туҳфа кард.
Рамазон Абдулатипов, ки ҳамакнун дар раъси як ҳайати баландпоя аз Федератсияи Русия дар Тоҷикистон қарор дорад, имрӯз бо масъулини Сафорати Русия, ҷамъе аз донишмандону пажуҳишгарон ва намояндагони васоити ахбори омма вориди Китобхонаи миллӣ шуд
10 майи соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Муовини якуми Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Ҳоҷиматов мулоқот анҷом дод.
Шамсиддин Орумбекзода Минҳоҷиддин Ҳоҷиматовро, ки роҳбари ҳайати расмӣ ва иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ба диёри хушманзари тоҷикон хайрамақдам гуфт.
8-уми майи соли 2017
Раҳмон Сафар аз ҷумлаи маъдуд адибонест, ки ҷустуҷӯи ҷанговарони гумноми тоҷикистониро тамоми умр қарзи худ донистааст. Вай даҳҳо хазор километр масофаро савораю пиёда тай намуда, қабри бештар аз 3000 ҷанговари шаҳидро, ки аз Тоҷикистон ба фронт рафтаанд, маълум кардааст. Барои ин кор ба ӯ лозим омадаст, ки бештар аз 280 дивизия ва 1000 полкро омўхта, дар хусуси зиёда аз 30000 ҳамдиёри ҷанговарамон маълумотҳои аниқ ҷамъ оварад. Раҳмон Сафаров қариб 4000 варақаи мукофоти ҷанговаронро нусхабардорӣ карда, феҳристи калонҳаҷм тартиб додааст.
Сафаров Раҳмон 5 августи соли 1930 дар деҳаи Шоҳраҷаби ноҳияи Балҷувон таваллуд ёфтааст.
Адиби ҷанговар ва ҷангноманавис. Саҳнаҳои ҷангии дидаашро дар калонтарин романҳояш ба риштаи тасвир кашидааст. Дар ҷанг ҳам бо силоҳ ҷангид ва ҳам бо сухан. Аз ҳама навиштаҳояш роман ва повесту ҳикояҳои ҷангиаш пуртаъсиртаранд, чун шоҳиди рӯйдодҳо буд.
Фотеҳ Ниёзӣ 18 апрели соли 1914 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1929 омўзишгоҳи омўзгорӣ, баъдан Донишгоҳи
