Бачаҳо ба бобоёни ҷанговари худ чӣ туҳфа карданианд?

Ин бор дар барномаи “Дастони моҳир” мавзуъ Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд.
Оё наврасони мо дар ин бора медонанд? Суоле буд, ки мураббиён дар миён гузоштанд. Албатта, на ҳама, вале дар умум маълуот доштанд. Вале маълумоташон камтар аз ҳадди интизор буд. Дида мешавад, ки гузашти солҳо хотираи наслҳоро ҳам ба гузашта хира мекунад. Насли имрӯз дар бораи даҳшатҳои он солҳои мудҳиш маълумоти камтар дорад. Лозим омад ба онҳо хеле чизҳо нақл карда

Намоиши китоби Шуъбаи хизматрасонии махсус бахшида ба Иди Ғалаба

Аз аввалин рӯзҳои моҳи май, ки солгарди пирӯзӣ дар ҷанг бо фашизм наздик мешавад, Шуъбаи хизматрасонии махсус дар фикри ташкили як намоиш китоб бахшида ба ин рӯз шуд. Беҳтарину маъруфтарин китобҳо ба ин мавзуъ, ки солҳои гуногун рӯйи чоп омадаву аз корномаҳои корзори ҷанг ҳикоят мекунанд, аз зуҳри дирӯз ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Китобҳои “Достони писари Ватан”-и Мирзо Турсунзода, “Ҳазору як корнома”-и Раҳмон

Осори Додихудо Саймиддинов дар Китобхонаи миллӣ

Додихудо Саймиддинов, олими маъруф ва донишманди пурзаковат, ки дори дунёро тарк ва роҳии олами абад шуд, шогирдону дӯстон ва пайвандонашро дар сӯг нишонд. Даргузаштии олиме чун Додихудо Саймиддинов талафоти гаронест дар илм, фарҳанг ва маърифати миллат.
Додихудо Саймиддинов донишманде буд, ки аз худ мероси гаронбаҳо, пажуҳишҳои арзанда ба ҷо гузошт ва китобҳову асарҳои таҳқиқотии ӯ асрҳо барои миллат хизмат хоҳад кард.

Луғати энсиклопедии сивунуҳҷилдаи профессор Андреевский дар Китобхонаи миллӣ

Сивунуҳ китоб аз силсилаи китобҳои энсиклопедии профессор И.Е. Андреевский, ки солҳои 1890-1903 дар Санк – Петербург чоп шудаанд, аз муътабартарин луғатномаи тафсирии русӣ маҳсуб мешаванд. Ин китобҳо кай ба китобхона оварда шудаанд, дақиқан маълум нест, вале ҷилди аввали он соли 1890 дар интишороти Фонтанкаи шаҳри соҳили Нева чоп шудааст.
Луғати энсиклопедӣ зери назари профессор И.Е. Андреевский

Профессор Додихудо Саймиддинов аз олам даргузашт

Додихудо Саймиддинов, олими маъруф, забоншиноси шинохта ва пажуҳишгари пӯхтакор имрӯз дар синни 68-солагӣ аз олам рахти сафар барбаст. Рафтани Додихудо Саймиддинов гаронтарин талафоти ҷуброннопазир барои илми тоҷик аст.

Додихудо Саймиддинов 24-уми июни соли 1949 ба дунё омадааст, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи имллии

Ободонии охири моҳи апрел

Аз субҳи имрӯз корҳои ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ ба шеваи рӯзҳои қабл аз боришоти ахир идома доштанд. Зарфи се рӯзи охир, ки ҳавои боронӣ ин корҳоро мутаваққиф карда буд, имрӯз он идома кард.
Аз сари субҳ кормандони Китобхона бори дигар ба коргоҳашон ҳозир шуданд ва даст ба поккориҳову нармкунии заминҳо заданд.
Атрофи Китобхона ба шарофати ҳамин талошҳо торафт сабзтару назарработар ва поктару

Страницы