Мисрае аз як шеъри шоири эронӣ Сиёвуши Касроӣ, ки аз ҷумлаи шоирони инқилобӣ дар Эрони шоҳаншоҳӣ маҳсуб мешуд. Сиёвуши Касроӣ барои удабои Тоҷикистон ҷомеаи фарҳангии кишвар ноошно набуд. Ӯро на танҳо мешинохтанд, балки китобҳояшро чоп кардаву аз ашъори хубаш баҳра бурдаанд. Сиёвуши Касроӣ агар зинда мебуд, ҳоло ба 83 медаромад.
Устоди марҳум Файзалӣ Наҷмонов пажуҳиши хебе дар бораи ашъори ин шоири номдор анҷом дода, ки бахше аз онро соли 1988 дар муқаддимаи “Маҷмуаи шеърҳо”-и адиб ҷо дода. Порае аз онро ин ҷо меорем.
Дар авали солҳои 50-ум, дар айни авҷи ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ, дар Эрон як гурўҳ шоирони ҷавони боистеъдод ба майдони адабиёт қадам ниҳоданд, ки баъдан ба ашъори рангину
Ҳарчанд мактаби олии сиёсиро хатм кард ва ҳарчанд солҳо дар дастгоҳи сиёсии комсомол ва ҳизби коммунист кор кард, мудири шуъба ҳам буду Котиби комсомол ҳам, вале дар ёдҳо чун нависанда ва тарҷумон боқӣ монд. Ибод Файзулло шояд аз миёни ҳамаи аҳли адаби қарни гузашта бештар ба корҳои сиёсӣ ҷалб шуда буд. Вале имрӯз ҳам фаъолиятҳои журналистиву нависандагии ӯ барҷастатаранд.
Ибод Файзулло 12 апрели соли 1935 дар деҳаи Чоркўҳӣ ноҳияи Исфара ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДДМТ) -ро хатм кардааст.
Солҳои 1959-1963 мудири шуъба, ҷонишини котиби масъули
Олими варзида, шахсияте, ки аз хурдӣ дин омӯхтаву Қуръону ҳадис омӯхтааст. Ва умре ин омӯзишҳои ҷавониро ба дигарон омӯзонидааст. Вай дар масҷиде минбар надошт, чун баъди хатми мактаб роҳи илмро пеш гирифт, фалсафа, таърих ва адабиёт омӯхт. Вале аз он замон ба имрӯз ҳаёташ аз Қуръону ҳадис ҷудо набуд. Имрӯз ҳам агар касе ба суҳбати Нодир Одилов биншинад, вай аз ахлоқи исломӣ бо ояту ҳадис ва садҳо байту ғазал нақл мекунад.
Авфӣ дар ин мусофирати худ ба сўҳбати олимон, шоирон ва адибони зиёде мерасад ва ниҳоят соли 1219 ба Бухоро бармегардад. Дар охири соли 1220 ё аввали соли 1221, баъди ба Мовароуннаҳр ҳуҷум кардани муғулҳо Авфӣ ба Ҳинд муҳоҷират мекунад. Дар вилояти Синд ба хизмати Носируддини Кубоча дохил шуда, бо вазири ў Айнулмулук Фахриддин тарҳи дўстӣ меафканад. Нуриддин Муҳаммад ибни Тоҳир ибни Усмони Бухороӣ соли 1172-76 дар Бухоро таваллуд ёфтааст. Давраи бачагӣ ва таҳсили ибтидоии Авфӣ дар Бухоро гузашта, илмҳои таърих , адабиёт, фиқҳ, санъати хатотӣ ва ғайраро омўхтааст. Вай ҳангоми дар Бухоро тахсил карданаш бо як қатор олимон
Китоби Р.Бердиев бо номи “Табобати гелиоксигенӣ ва лазерӣ дар маҷмўи муолиҷаи илтиҳоби шуши беморони гирифтори осеби вазнини ҳамбастаи ҷумҷумаву мағзи сар” талоши дигарест барои осон кардани омӯзиши ин бахши тиб ба донишомӯзон.
Китоб ҳарчанд соли 2009 чоп шудааст, вале ба тозагӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид гардидааст.
Дар китоб маълумотҳо оиди қонуният ва омилҳои хатари падоиши илтиҳоби шуш дар давраи шадиди осеби вазнини ҳамбастаи ҷумҷумаву мағзи сар оварда шуданд. Нишон дода шудааст, ки илтиҳоби шуш дар давоми ҳафтаи аввали баъди осеб дар натиҷаи тағйиротҳои эътимолии системаи бронху шушҳо инкишоф меёбад. Ҳангоми ҳамбастагии табобати шиддатноки гелиоксигенӣ бо шуозании дохилирагии лазерии хун дар заминаи муолиҷаи маҷмўии маъмулии осебдидагони
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ 50 нусха китоби «Дастурамал оиди истифодаи клиникии ҷузъҳои хуни донорӣ ва маводҳои он» тӯҳфа намуд.
Дастурамали мазкур ҳолати муосири донишҳои илмиро дар тиб ва технология дар раванди истифодаи ҷузъҳои хуни донорӣ ва маводи онр
