Аз Нодир Одилов ва дар бораи ӯ чӣ дорем, ки бихонем?

Олими варзида, шахсияте, ки аз хурдӣ дин омӯхтаву Қуръону ҳадис омӯхтааст. Ва умре ин омӯзишҳои ҷавониро ба дигарон омӯзонидааст. Вай дар масҷиде минбар надошт, чун баъди хатми мактаб роҳи илмро пеш гирифт, фалсафа, таърих ва адабиёт омӯхт. Вале аз он замон ба имрӯз ҳаёташ аз Қуръону ҳадис ҷудо набуд. Имрӯз ҳам агар касе ба суҳбати Нодир Одилов биншинад, вай аз ахлоқи исломӣ бо ояту ҳадис ва садҳо байту ғазал нақл мекунад.

Нодир Одилов, профессор, донишманди варзидаи тоҷик, узви пайвастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоии Русия   15 апрели соли 1932 дар ноҳияи Ванҷ, дар оилаи шахси тақводор ба дунё омада, маълумоти диниро дар ҳузури бобояш Мулло Фозил омӯхтааст.

Қуръонро аз бар намуд ва баъдан дар бахши исломшиносии фалсафа ба натиҷаҳои чашмрас ноил гардид. Аз соли 1959 дар мактабҳои олии гуногун аз фалсафа, таърих дарс гуфта, ба ҳайси мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи кишоварзӣ, мудири сектори фалсафаи Академияи илмҳо, мудири кафедраи педагогии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ, мудири кафедра ва баъдан проректори Донишгоҳи забонҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Нодир Одилов аз зумраи мутафаккирони муосирест, ки дар рушди илми фалсафа ва пажуҳишӣ  исломшиносиву мавлавишиносӣ дар роҳи илму ирфон барои инсоният хидмат кардааст.

Нодир Одилов дар ҳеч маврид аз мубоҳисаҳои илмӣ наҳаросидааст, балки худ дар бисёр ҳолат ташаббускори баррасиҳои илмии масоили гуногун будааст. Аз ҷумла, ў ҳанўз соли 1987 дар назди кафедраи фалсафаи Донишкадаи забонҳои ҷумҳурӣ маркази мубоҳисавӣ таъсис дод, ки ҳар нафари соҳибзавқ метавонист иштирокчии фаъоли он бошад­ ва аз баҳсу баррасиҳо баҳра гирад.  Дар таҷлили ёдбуди Ҷалолиддини Румӣ ва Имоми Аъзам нақши босазое бозид.

Асарҳои тадқиқотии ў «Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ», «Ислом дар оинаи ақл», «Ихтилофи ақоид ва низоъҳои мазҳабӣ дар ислом», «Ислом ва сотсиолизм» - дар байни муҳаққиқон ва доираи васеи хонандагон маъруфияти зиёд дорад.

Аз Нодир Одилов ва дар бораи ӯ шумо метавонед дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ин матолибро мутоила намоед.

Одилов, Н. Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ. – Душанбе, 1964.  – 107 с.
Одилов, Н. Ихтилофи ақоид ва низои мазҳабӣ дар ислом. – Душанбе, 1973. – 24 с.
Одилов, Н. Ислом дар оинаи ақл. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 28 с.
Одилов, Н. Коммунизм ва исломи муосир. – Душанбе: Ирфон, 1986. – 48 с.
Одилов, Н. Идейное пронстранство Гюлена. – Станбул, 2012. – 243 с.
Одилов. Н. Ислом ва адён // Садои мардум. – 2007. – 3 март.

Адабиётҳо дар бораи олими маъруф

Аҳмад, К. Зиндагии ман аз таҳаммулпазири аст: Аз ҳаёт ва фаъолияти олим Нодир Одилов // Тоҷикистон. – 2012. – 25 январ.
Раҳмоноён, Ф. Нодир Одилов- падидаи тозае дар олами илм: Узви Академияи тоҷик профессор, файласуф Нодир Одилов 80 - сола шуд // Ҷумҳурият. – 2012. – 19 апрел.
Хуморов, Д. Файласуфе Нодир, фозил ва Одил: Файласуф- Нодир Одилов // Садои мардум. – 2002. – 10 май.
Элбоев, Ҳ., Асрориён, Ҷ., Назариев, Р. Сипанд аз баҳри он бошад ки сўзад: Ҳаёт ва фаъолияти Нодир Одилов  // Ҷумҳурият. – 2002. – 25 май.
Достиев, А. Олим инсони комил аст: Философи шинохта Нодир Одилов // Садои мардум. – 2002. – 8 июн.
 

Таҳияи Сабоҳат Иброҳимова,
корманди шуъбаи
библиографияи миллӣ