Зеботарин нусхаи китоби муқаддасти Қуръон, ки китобати онро ба асри XVI мансуб медонанд ва ду сафҳаи аввалу ду сафҳаи охири он бо пуррагӣ бо оби тилло ороиш ва гулкорӣ шудааст, таърихи аҷиби вуруд ба бойгонии Китобхонаи миллӣ дорад.
Шояд хонандаи гиромӣ аз хондани унвони моқола дар тааҷҷуб афтад, аммо баъди мӯҳтавои мутолиа аз ҳақиқати он хоҳад фаҳмид.
Имрӯз дар ганҷинаи шӯъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии Тоҷикистон 15 адад нусхаи хаттии
Мисрае аз шоири хубу суханвари маъруфи тоҷик, марҳум Мастон Шералӣ. Шоире, ки дар як умри кутоҳ бо шеърҳои хубу пурмаъно ва навиштори дилписанду суханҳои дилчаспаш миёни ҳаводорони шеър маъруфият пайдо кард. Ва агар умр вафо карда буд, имрӯз ба синни мубораки 82 қадам мегузошт. Вале дареғо, ки қисмат ӯро бармаҳал, дар баҳори 53-уми умр аз миёни ташнагони шеър рабуд. Мастон Шералӣ 20 апрели соли 1935 дар деҳаи Зериҳисори ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Соли 1950 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Точикистонро хатм кард.
Солҳо дар рўзномаи «Маориф ва маданият», моҳномаи
Аз субҳи имрӯз кор барои ободонии атрофи Китобхонаи миллӣ ҷараён гирифт.
Гуруҳе аз кормандон барои побели заминҳо ва тоза кардани он аз ҳар гуна гиёҳҳо, хасу хошок ва сангрезаҳо вориди майдон шуданд.
Ҳадаф аз ин талошҳо бо ободонӣ ба ҳусни Китобхона ҳусн бахшидан аст.
Сабзазори паси бинои пурҳашамати Китобхона макони тозаву дилкушоест, ки дар сурати пурра ба сабзазори хуррам табдил шудан ҳусни маконро
Дар мулоқоти Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода ва сафири Фавқулодда ва Мухтори Озарбойҷон дар Тоҷикистон ҷаноби Аббосалӣ Гасанов дурнамои ҳамкориҳои китобхонаҳои ду кишвар ва таъсиси гӯшаи китобҳои тозанашри Озарбойҷон дар Китобхонаи миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ин мулоқот то зуҳри имрӯз дар Китобхонаи миллӣ
Сухан аз шоири ҷавонмарг Пайрав Сулаймонист, ки 84 сол пеш, дар яке аз рӯзҳои гарми тобистон олами моро тарк кард. Бо гузашти ин 84 сол ҳам мисрае аз ашъораш маъние худро гум накард. Он замон аз маъруфтарин шоирони замонаш буд ва ин замон ҳам аз ҳамон маъруфшудагон аст. Ҳамоно ӯро мехонанд ва аз тасвирҳои зебову маъниҳои дилрасаш ҳаловат мебаранд. Ҳикмати зинда будани баъд аз марг низ барои шоир ҳамин аст, яъне ӯро ёд кунанд ва ашъорашро бихонанд.
Пайрав Сулаймонӣ 15 апрели соли 1899 дар кӯчаи Ҳавзи Рашиди
Имрӯз, 18-уми апрел зодрӯзи шоири ҳаҷвнавис ва суханвари мумтоз Ҳайдаршо Маҳмадалишост. Шоир, тарҷумон ва фелйетонависи машҳур, ки солҳои тӯлонӣ бо маҷаллаи ҳаҷвии “Хопуштак” ҳамкорӣ дошт ва дар ҳаҷву мутоиба мумтоз буд. Аз ӯ ёд кунем.
Ҳайдаршо Маҳмадалишо 18 апрели соли 1928 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли 1948 омӯзишгоҳи омӯзгории Хоруғ,
