Чашмандозе ба таърихи пайдоиши Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ

Мувофиқи маълумоти стандарти соҳаи китобдорӣ «Маълумоти библиографии нашр ва савдои китоб» Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ (ТДУ) забони асосии иттилоотӣ–ҷустуҷўӣ ба ҳисоб меравад ва ҳамчун субъекти бозори иттилоотӣ дар сатҳи байналмилалӣ мавриди истифода қарор дорад. Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ дорои дастгоҳи густаришёфтаи методӣ мебошад, ки бо ёрии он метавон дар самти савдо низ ҷанбаҳои муҳими китобро ба таври осон инъикос намуд.
Таснифоти Даҳгонаи Универсалӣ – эсперантои байналмилалии ҷомеаи иттилоотӣ дониста шуда, ҷустуҷўйи адабиёти зарурӣ бо ёрии ТДУ, ки дар манбаи маълумотҳо махсусан махзани китоби китобхонаҳо ҷой дода шуда, бе донистани забон имконпазир аст ва тавассути шабакаи

Библиографияи монографии профессор Сафар Сулаймонӣ аз чоп баромад

“Осорномаи профессор Сафар Сулаймонӣ” дар таҳияи Ҷӯрабой Раҷабов аз чоп баромад.
Китоб, ки бо ду забон дар ҳаҷми ҳудудан 400 саҳифа рӯйи чопро дидааст, аз фаъолиятҳои илмии профессор Сафар Сулаймонӣ, яке аз устодони пуркори соҳаи китобдорӣ, фарҳангшиносӣ, омӯзгорӣ ва пажуҳишгари шинохта ҳикоят мекунад. Мураттиб талош кардааст ҳама маводи то соли 2016 дар расонаҳои хабарӣ, китобҳои ҷудогона ва шабакаи ҷаҳонии Интернет мунташиршударо гирдоварӣ кунад.  Кўшиш ба харҷ дода шудааст, ки кулли маводи мунташира тибқи меъёрҳои пазируфташуда таҳия гарданд. Дастур барои намуна дар таҳияи библиографиҳо, сомонаҳои Интернетӣ, рўйхати китобҳо барои кормандони китобхонаҳо ва маркази иттилоърасонӣ, муҳаққиқону донишҷўён муфид мебошад.
Дар бораи тарҷумаи ҳоли доктори илмҳои педагогӣ, академики

Навад дарсади донишомӯзони Коллеҷи фарҳангии ба номи Бӯйдоқов узви Китобхонаи миллианд

Дар пайи як таблиғот ва даъват 110 нафар донишомӯзони бахши ғоибонаи Коллеҷи фарҳангии ба номи П.Буйдоқов ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва узвияти онро пазируфтанд.
Дар доираи таблиғи китоб ва даъват ба китобхона рўзи 10 – уми апрели соли ҷорӣ гурўҳи сайёри Китобхонаи милии Тоҷикистон бо сардории мудири Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ Маҳмадшариф Каримов ва муовини Марказ  Юлчибой Мўсоев, мутахассиси пешбари шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён Умед

Абдусалом Деҳотӣ – муҳаррири осори устод Айнӣ

Аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ тоҷик. Донишманде, ки муҳаррири осори устод Айнӣ буд. Асарҳои мондагоре барои бачаҳо дорад ва дар насру назм барои атфол муваффақ буд.
Олми борикназар, шахсе, ки забони классикиро хеле хуб медонист ва дар таҳияи чанд ҳарф барои “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ саҳм гирифтааст.
Абдусалом  Пирмуҳаммадзода Деҳотӣ моҳи марти соли 1911 дар деҳаи Боғимайдони шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна ва курси

Китоб ва ҳуқуқи истифода аз он барои хонандагон

Тибқи қонун хонандагон ҳақ доранд вобаста ба вазифаву масъулият ва шуғлашон ба муҳлати аз 10 то 5 рӯз аз Китобхона китоб гиранд.
Ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, муносибати Китобхона бо хонандагон, ўҳдадорӣ, масъулияти китобдорон ва хонандагон дар раванди хизматрасонӣ ва истифодаи фондҳои Китобхона дар як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудаанд.

Идомаи рӯзҳои низофат дар Китобхонаи миллӣ

Побели қитъаи замин, нармсозии бехи ниҳолҳо, чидани сангрезаҳо аз замин ҳосили заҳматҳои рӯзи якшанбе ва имрӯз - душанбеи кормандони Китобхонаи миллӣ будааст.
Рӯзҳои тозагиву низофат ва кабудизоркунии атроф як анъанаи дерини баҳорист. Чун баҳор худ рамзи покиву низофат аст, рамзи сарсабзиву хуррамист.
Дар ин фасли зебо, ки бидуни шак арӯси солаш меномем, бо ҳамин низофату покиаш зебост, бо сабзаву гулаш зебост, бо дарахтони сарсабзу

Страницы