Китоб ва ҳуқуқи истифода аз он барои хонандагон

Тибқи қонун хонандагон ҳақ доранд вобаста ба вазифаву масъулият ва шуғлашон ба муҳлати аз 10 то 5 рӯз аз Китобхона китоб гиранд.
Ҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ, муносибати Китобхона бо хонандагон, ўҳдадорӣ, масъулияти китобдорон ва хонандагон дар раванди хизматрасонӣ ва истифодаи фондҳои Китобхона дар як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба танзим дароварда шудаанд. Аз ҷумла, дар боби 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Оиномаи КМТ», «Қоидаҳои истифодабарии КМТ» ҳуқуқу масъулияти хонандагон возеҳу равшан баён ёфтаанд.
Масалан, дар моддаи 5- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» муайян шудааст, ки «ҳар шаҳрванд қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеъи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк аз ҳуқуқи хизматрасонии китобхона бархӯрдор мебошад».
Ва ё дар моддаи 7- и ҳамин қонун, ки ҳуқуқи истифодабарандагони китобхонаро ба танзим медарорад, чунин ишора шудааст, «Истифодабарандаи китобхона ҳуқуқ дорад ба таври ройгон дар ҳама гуна китобхона тавассути кор кардан бо феҳристҳо оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мушаххас дар фондҳои китобхона иттилоот ба даст оварад. Дар китобхонаҳои дастраси умум шаҳрвандон ҳуқуқ доранд: бо пешниҳоди ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, истифодабарандаи китобхона гарданд; ба таври ройгон тавассути низоми маълумотию библиографии хизматрасонии китобдорӣ доир ба фондҳои китобхона иттилооти пурра ба даст оваранд; ба таври ройгон ҷиҳати ҷустуҷў ва интихоби манбаъҳои иттилоот ёрии машваратӣ гиранд; тавассути абонементи байникитобхонавӣ ҳуҷҷатҳо ва ё нусхаҳои онҳоро аз китобхонаҳои дигар ба даст оваранд”.        

           Тибқи муқаррарот дар Китобхонаи миллӣ ҳуқуқи истифодабарӣ аз абонементи байни китобхонаҳо ба гурўҳҳои зерин хонандагон дода шудааст.
-  аъзоёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  аъзоёни Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии      ҶумҳурииТоҷикистон;

-  вазирон ва муовинҳои онҳо;

-  раисони кумитаҳо ва муовинҳои онҳо;

-  сарварони муассисаву ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ;

-  академикҳо, докторҳо ва номзадҳои илм;

-  унвонҷўёни соли дуюми таҳсил;

-  сармуҳаррирон, муҳаррирони калон, рўзноманигорони нашрияҳо ва расонаҳои иттилоотӣ;

-  сармутахассисон ва мутахассисони корхонаву идораҳое, ки мутобиқ ба талаботи оинномаашон дар омўзиш ва таҳқиқи масоили тахассусии соҳаҳои мухталифи илм саҳм мегиранд.

- кормандони КМТ.

       Ба абонентҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ нашрҳои чопӣ ва электронии зерин аз фондҳои китобхона дода мешаванд:

- китобу маҷаллаҳо ва адабиёти тахассусӣ доир ба соҳаҳои техникӣ, кишоварзӣ, тиб ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ;

- адабиёти бадеӣ ва илмӣ- маърифатӣ;

- мавод барои иҷрои корҳои илмӣ- таҳқиқотӣ ва илмӣ- истеҳсолӣ.

Ба абонентҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ чунин нашрияҳо аз фондҳои китобхона дода намешаванд;

- дастхатҳо, китобҳои чопи сангӣ (литографӣ), китобҳои камёбу нодир;      

- нашрҳои маълумотдиҳанда (қомусҳо, луғатҳо, маълумотномаҳо, тақвимҳо, роҳнамоҳо);

- ҳомилҳои электронӣ, сабтҳо, дискҳо, пластинкаҳо;

- маҷаллаҳои реферативӣ ва маҷаллаҳое, ки то соли 1970 интишор ёфтаанд;

- ҳуҷҷатҳое, ки истифодаи онҳо маҳдуд аст;

- ҳуҷҷатҳое, ки иборат аз як нусха мебошанд (танҳо, дар сурати ба бандҳои дигари ҳамин қисми талабот мухолифат накардан, нусхаи электронии онҳо пешниҳод карда мешавад);

Хизматрасонӣ ба абонентҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ ройгон буда, барои ба узвият пазируфтани шахсони воқеъӣ пешниҳоди чунин ҳуҷҷатҳо зарур аст:

- шиноснома;

- мактуби тавсиявӣ аз ҷониби роҳбарони муассисаву ташкилотҳо;

- ўҳдадории кафолатӣ оид ба баргардонидани китобҳои гирифташаванда;

- нусхаи ҳуҷҷате, ки дараҷаву унвонҳои илмии абонентро тасдиқ мекунад.

Ба ҳайси намояндаи абоненти дастаҷамъӣ барои ба узвият пазируфтани шахсони ҳуқуқӣ  танҳо ҳамон китобхона (ташкилот, муассиса) ҳуқуқ дорад, ки бо қарори худ шахси масъул ва ё мутасадии корҳои АБК- ро таъин намуда, тамоми масъулият ва ўҳдадории кафолатиро ба зимаи ў вогузор кардааст.

Мўҳлати диҳиши адабиёт  барои аъзоёни Шуъбаи АБК бо таври зайл муайян карда шудааст:
-  барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 10 рўз.
-  барои кормандони сохторҳои гуногуни идораву муассисаҳои давлатӣ ва ашхоси унвону дараҷаҳои илмидошта барои  7 рўз.
-  барои унвонҷўён,  магистрҳо ва аспирантҳо ба муҳлати 5 рўз.
    Шуъбаи  абонементи байни китобхонаҳои КМТ  ба муштариёни фаъоле ,ки тамоми қоидаҳои истифодабарии адабиётро риоя намуда,  дар пешрафти маданияту илм ва фарҳанги ҷомеъа саҳмгузоранд, минатдории бепоён баён менамояд.
Илова  бар  ин хотиррасон менамоем,ки мутобиқи  моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»  истифодабарандагоне , ки қоидаҳои  истифодаи  китобхонаро вайрон мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Фаридун Сияров,
корманди шубаи
А
бонементи байни китобхонаҳо