Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ 50 нусха китоби «Дастурамал оиди истифодаи клиникии ҷузъҳои хуни донорӣ ва маводҳои он» тӯҳфа намуд.
Дастурамали мазкур ҳолати муосири донишҳои илмиро дар тиб ва технология дар раванди истифодаи ҷузъҳои хуни донорӣ ва маводи онро муайян намуда, зимнан дар асоси принсипҳои тиббӣ исбот гардида, омода шудааст. Дастурамал оид ба табобати трансфузионӣ, қоида ва тартиботи назорат аз рӯи истифодаи хун ва ҷузъҳои онро дарбар мегирад.
Маводи мазкур барои табибони муассисаҳои тиббӣ, мутахассисони хадамоти хун, табибони озмоишгоҳ ва ҳайати професорону устодони муассисаҳои омӯзишии то – ва баъдидипломӣ, донишҷӯён кӯмак хоҳад расонд.
Мавзуна Орумбекова,
Мудири бахши таҳлил
ва ташхиси адабиёт.