Даъвати нави хонандагон ба Китобхона дар таътили тобистона

Имрўз кормандони Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ тибқи барномаи “Даъват ба Китобхона” ба мактабҳои таҳсилоти  умумии  №8, №12, №90 ва №92–и  шаҳри Душанбе рафтанд ва дар мулоқот бо хонандагону омӯзгорон онҳоро ба Китобхона даъват карданд.
Ҳадафи барнома ҷалби таваҷҷуҳи омма, бахусус наврасону ҷавонон ба китоб ва китобхона аст. Наврасон баъди мактаб илова ба роҳи хона бояд роҳи китобхонаро ҳам ёбанд ва ин манзили дуюми мутолиа барои онҳо бошад.
Таҳиягарони барномаи мазкур мақсад доранд бо даъватҳо ҳам сафи хонандагони китобхонаро афзун созанд ва ҳам онҳоро бо ошноӣ ба шароити Китобхонаи миллӣ ба китоб ҷалб созанд.
Кормандони шуъба ин бор низ ба хонандагон дар бораи Китобхонаи миллӣ, таърихи бунёди он, теъдоди китобҳо, толорҳои хониш, истифодаи ройгон аз шабакаи интернет, гуруҳҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ғайра нақл намуданд.
Дар хотима миёни хонандагони мактабҳои номбурда ва командони Китобхонаи миллӣ табодули афкор сурат гирифт.
Устодони ин макотиб ваъда доданд, ки барои боздид аз китобхона ва ба узвияти он шомил кардани хонандагон иқдом хоҳанд кард.