Муаллифи китобе, ки 47 маротиба нашр шудааст

Профессор Ҳилол Каримов миёни мардум чун муаллифи китоби “Алифбо” шуҳрат дошт. Даҳсолаҳо аз “Алифбо”-и срилики ӯ хату савод меомӯхтанд. Аз ҷумлаи забоншиносони матраҳ дар кишвар буд. Омӯзгори соҳибтаҷриба ва даҳсолаҳо дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки ҳоло Донишгоҳи миллист, дарси забон омӯхтаст. Аз таваллудаш 110 сол гузашт ва аз вафоташ 33 сол.

Каримов Ҳилол Каримович забоншинос, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон 15 майи соли 1908 дар шаҳри Конибодом дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Собиқадори маорифи халқи РСС Тоҷикистон, соли (1973) профессори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон

Фарҳанги САЛОМ

Дар ойинҳои мардумӣ салом ҳам гуногун аст. Саломи дастӣ, салом бо ишорат, салом бо ҳаракати сар ва амсоли ин. Маъмулан, мувофиқи расму ойини тоҷикӣ саломдиҳанда, агар хурдсол бошад, дасти росташро ба сари сина гирифта, ба шахси аз худ калонсол салом медиҳад. Дар айни замон алайкгиранда низ ҳамин амалро такрор мекунад. Аз ин рў, дар байни мардум мегўянд, ки “салом қарзи Худост”

Салом, амну амонӣ, сулҳ, оштӣ, таҳният, осудахотирӣ ва дуруд ба якдигар фиристодани одамон.

Захираҳои электронӣ-иттилоотӣ ва нақши онҳо дар ташаккули маънавии ҷомеа

Эҳтимоли зиёд аст, ки дар натиҷаи бунёди захираҳои электронии иттилоотӣ дар ҳаёти иҷтимоии мардум дигаргуниҳои мусбиро ба монанди: суръатгирии раванди корҳои илмию эҷодӣ, беҳтаршавии мазмун, шакл ва методҳои кори муассисаҳои илмию амалӣ, ҳамгироии иттилоотӣ дар шароити таъсири ҷаҳонишавӣ ва баланд шудани эътибор, нақши муассисаҳои илмию амалӣ дар ҳаёти маънавии ҷомеа, рушди мутолиа ва тарғиби маълумотҳо оид ба

Ганҷинаи дастнависҳои шарқӣ

Ганҷинаи дастнависҳои шарқи ба номи А. Мирзоеви Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, калонтарин маҳзани дастнависҳои шарқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Заминаи ин Ганҷинаи дастнависҳои шарқии, баъд аз ташкил ёфтани Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон (1924) гузашта шудааст.

Тақдими беш аз 1000 китоби Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Китобхонаи миллӣ

Субҳи рӯзи 19-уми майи соли равон дар ошёнаи сеюми Китобхонаи миллии Тоҷикистон вазири корҳои дохилаи кишвар генерал-полковники милитсия  Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гурӯҳи ҷавонони «Авангард», курсантони Академияи Вазорати корҳои дохила ва ҷавонони фаъоли кишвар вохӯрӣ доир намуд. Маврид ба тазаккур аст, ки ин вохӯрӣ дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо

Дар қаламрави шеър (Суҳбати Аскар Ҳаким бо Лоиқ Шералӣ)

Банда дар бораи устод Лоиқ мақолаҳои алоҳидаи бисёр навиштаам, дар ҳамаи мақолаҳоям, ки дар бораи шеъри муосири тоҷик мебошанд, бештар аз ҳама дар бораи эҷодиёти ӯ сухан рондаам ва ҳамчунин дар тадқиқоти илмие, ки зери унвони “Вежагиҳои анвои шеъри ғиноӣ (дар мисоли шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми садаи ХХ)” анҷом додаам ва нусхаи тоҷикии он дар ҷилди 3-уми ҳафтҷилдаи “Маҷмӯаи осор”-и банда ва русиаш бо номи “Видовые особенности лирической поэзии (на материале таджикской лирической поэзии второй половины ХХ века) ба чоп расидааст, дар ҳар панҷ боби он бештар аз ҳама ашъори ӯро мавриди таҳқиқ қарор додаам. Аммо ҳоло ба муносибати зодрӯзи устод Лоиқ муносиб донистам, ки як

Страницы