Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад.
Дар ин чорабиниҳо беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба тамошо гузошта мешаванд, консертҳои идона ташкил мегардад. Кўдак дар ҷомеаи мо тоифаи соҳибимтиёз аст ва ҳуқуқи муайяне дорад. Ҳукумати мо ғамхорӣ ба кўдакро вазифаи бисёр муҳим ва аввалиндараҷа медонад ва ҳама чизи беҳтарини мамлакат пеш аз ҳама ба кўдакон бахшида мешавад. Тарбияи хуб дар боғча, таълими ҳамаҷониба дар мактаб ва оила таъмин карда мешавад.
Маҳфили навбатии “Равшандилон”-и Шуъбаи хизматрасонии махсус бо таронахониву латифагӯӣ ва ҳикоёти тозаву саргузаштҳои ибратангез басо шавқовару мондагор гузашт. Ин маҳфил баъди зуҳри дирӯз бо ширкати шоири маъруф Хайрандеш, ки маъмулан навиштаҳои навқаламони маҳфилро нақду баррасӣ мекунад, доир шуд.
Хушбахти Одина дар бахши “Афроза” нақли хеле шавқоваре кард. Ширкаткунандагон дар бахши “Афшона” чандин зарбулмасалро таҳлил карданд. Ин зарбулмасалҳои халқиро бо хоҳиши иштирокдорон аъзои маҳфил гирд овардаву қироат карданд.
Баҳудур Саидов ва Ҷомӣ Сафаров ҳикоёти ҷолиб қироат карданд
Бойгонии китобу маҷалла ва рӯзномаҳо дар Китобхонаи миллӣ ба бештар аз 5,8 миллион нусха расидааст. Дар ин бора профессор Абдусалом Мирализода – Директори Китобхонаи миллӣ иттилоъ дод. Абдусалом Мирализода, ки ахиран дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳамоиши байналмилалии «Таърихи пойтахтҳои
18 майи соли 1938 дар деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми шуъбаи забон ва адабиёти тоҷики факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, солҳои 1961-1963, дар мактаби миёнаи №12 ноҳияи Сариосиё омўзгори забон ва адабиёти тоҷик ва мудири бахши таълим будааст.
Соли 1963 дар Институти забон ва адабиёти ба
Агар профессор Қамариддинов зинда мебуд, 26-уми май ба синни муборак 85 қадам мегузошт. Олими барӯманд соле пеш, аниқтараш 9-уми май, 17 рӯз пеш аз зодрӯзаш тарки олам карда буд. Аз профессор Қамариддинов, ки табиби ҳозиқ ва донишманди шинохта буд, китобҳои зиёди пажӯҳишӣ боқӣ мондаанд, ки барои наслҳо хидмат хоҳанд кард.
Хушқадам Қамардинов 26 майи соли 1933 дар ноҳияи Ишкошими ВАБК, дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст. Соли 1958 факултети муолиҷавии Институти тиббии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон) хатм кард. Солҳои 1958-1960 ҷонишини сардухтури беморхонаи райони Ишкошим кор кардааст.
Лӯхтакро кӣ чӣ гуна месозад? Ин суоле буд, ки муаллима Фирӯза Аҳророва ба ширкаткунандагони маҳфили навбатии “Дастони моҳир” дар миён гузошт. Ва аз ҳар кадом посух гирифт.
Баъдан ӯ тарзи омода сохтани мошинчаву лўхтакро ба хонандагон нишон дод ва гуфт, ки барои сохтани онҳо аз кадом лавозимоти инҷо буда бояд истифода кард.
