Шуъбаи матбуоти даврӣ: бештар аз 1 миллион рӯзномаю маҷаллаҳои қадиму имрӯз
Нашр шуд 2018-07-19 17:05Мубаллиғони фарҳанг ва забони тоҷикӣ
Нашр шуд 2018-07-19 16:52Даргоҳи умеду кушоиш
Нашр шуд 2018-07-19 16:30Чопи китоби нав аз ибтикороти шоистаи Пешвои миллат
Нашр шуд 2018-07-18 15:21
«Дар бораи масъалаҳои мубрам ва ибтикороти сиёсати хориҷии Ҷумуҳурии Тоҷикистон» - таҳти чунин унвон дар нашриёти «Контраст» - и пойтахт китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чоп баромад.
Мураттиб ва муаллифи пешгуфтори китоб мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.
Нашрия дар ҳаҷми 366 саҳифа буда, аз маҷмӯаи порчаҳо аз паёмҳои

Имрӯз, 20-уми июли соли 2018 Шоири халқии Тоҷикистон, Раиси бахши Суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ба синни мубораки 65 қадам ниҳод. Аҳмадҷони Раҳматзод аз ҷумлаи шоирони тозагӯи тоҷик аст, ки бо ашъори дилписандаш миёни мардум маъруфият дорад.
Бойгонии Шуъбаи матбуоти даврӣ дорои 1 миллиону 216 ҳазору 188 адад маҷаллаю рузномаҳои илмӣ-оммавӣ буда, ҳамарӯза ба даҳҳо нафар хизмат мерасонад. Хонандагон ҳамчунин имкон доранд бо 110 шумораи нусхаҳои электронии нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф”, ки бо ҳуруфи форсӣ бори аввал 11-уми марти соли 1912 нашр шудааст ва замимаи он “Тӯрон” ошно шаванд ва мутолиа намоянд. Гузинаи электрониинашрияҳои қадимиву имрӯз: “Роҳбари дониш”, “Шарқи сурх”, “Мактаби
Тоҷикистон ҷавононе дорад, ки баъди анҷоми таҳсил дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷ ба Ватан бармегарданд ва аз мубаллиғони бемисли фарҳангу тамаддуни миллати худ барои хориҷиён мешаванд. Ин афрод, ки замони таҳсил забонро дар сатҳи олӣ омӯхтаанд ва фарҳанги Ғарбу Шарқро мешиносанд, тарғиби дурдонаҳои фарҳанги миллати худро барои хориҷиён аз масъулияти инсонии худ медонанд.
Бо Далер Раҳимов замоне ошно шудем, ки саргарми мутолиа буд. Мегуфт чун довталаб аст ва аз роҳи дур ба нияти донишҷӯ шудан омадааст, зиёд мутолиа мекунад, то ба орзуяш расад. Хушбахтона, кам нестанд ҷавононе, ки аз ноҳияҳои дурдаст бо орзуву ҳавасҳои зиёд ба пойтахт меоянд ва талош мекунанд дар ҳамин шаҳр дари саодати донишҷӯ шуданро ба рӯи худ боз кунанд. Аммо ин кори осону содае нест. Бояд хеле мутолиа кард, то орзу амалӣ гардид. Ва Китобхонаи миллӣ ин гуна шароитҳои хубро дорад.
Субҳи имрӯз як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ аз Олмон, Фаронса ва Мексика ба Китобхонаи миллӣ ташриф оварданд. Онҳо аввал ба бахши бақайдгирӣ ошно шуданд, баъдан раҳ пай гирифтанд барои тамошои дигар шуъбаҳо. Дар Шуъбаи кӯдакон ва наврасон меҳмонон бо гӯшаи “Дастони моҳир”, ки маҳсули дастони атфол буд, таваҷҷӯҳ карданд.

