Донишманди пуркор, китобдору китобшинос, мутахассиси варзидаи соҳа Ҷӯрабой Раҷабов панҷоҳ сол аст, ки заҳмат мекашад. Ва ҳосили ин заҳматҳо даҳҳо номгӯ китобҳои библиографӣ, садҳо мақолаҳо дар нашрияҳо ва албатта, шогирдоне мебошанд, ки имрӯз аз беҳтарин олимону пажӯҳишгарони соҳа ба шумор мераванд.
Ҷўрабой Раҷабов 8 декабри соли 1950 дар деҳаи Оҳалики ноҳияи Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон
Аксари бачаҳои шаҳрӣ маъмулан намедонанд, ки дар деҳот ҳамсолони онҳо ба чӣ корҳое машғул мешаванд. Бахусус, дар таътили тобистона, ки на ҳамаи рустоҳои мо имкони ташкили лагерҳо доранд ва на ҳамаи деҳаҳо китобхонаҳо доранд, ки имкони мутолиа дар онҳо бошад. Ва кӯдакону наврасон дар ин се моҳи таҳсил асосан вақти худро дар дашту саҳро мегузаронанд, чун мавсими барои деҳотиён муҳим ба ҳисоб меравад. Ва ё дар ҳота ва майдонҳои наздиҳавлигии худ ба парвариши
Баъди муаррифии китоби нави ашъори шоираи ҷавон, адабиётшинос, номзади илмҳои филологӣ Саидаи Зайдулло хонандагони дар шабакаҳои иҷтимоӣ хостанд намунаҳое аз ин китоб орем. Интихобан чанд шеър аз охирин маҷмуаи ашъори шоираи ҷавон “Меҳроби ғазал” тақдиматон мешавад. Умедворем мавриди писанди хонандагони азиз қарор хоҳад гирифт.
Дар идомаи диду боздидҳои худ аз Тоҷикистон субҳи имрӯз, панҷшанбе гурӯҳе аз рӯзноманигорони нашрияҳои мухталифи Ӯзбекистон ба Китобхонаи миллӣ омаданд ва бо ин боргоҳи маърифату хазинаи бузурги китоб аз наздик ошно шуданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ меҳмононро дар даромадгоҳ истиқбол гирифтанд. Сипас, онҳо ба дохили бино даъват шуданд ва бо толорҳои

Ҷавонтарин хонандагони Китобхона. Меҳмонони имрӯз ва рӯзҳои гузаштаву оянда. Чеҳраҳои зебо, нигоҳи кунҷковона ва таваҷҷӯҳашон ба китоб касро ба ояндаи миллат дилгарм мекннад. Инҳо ҳамарӯза меоянд ва дар толори кӯдакону наврасон китоб мехонанд. Хурдакакон расм тамошо мекунанд, бо ёрии мураббиён маънову мафҳуми суратҳоро мефаҳманд ва иддае талош мекунанд бихонанд.
Сеюмин маҷмуаи шеърҳои Саидаи Зайдулло бо номи «Меҳроби ғазал» ба дасти хонанда расид. Баъди «Паймонаи меҳр» ва «Накҳати бўстони ҷавонӣ» ин севумин маҷмўаи шоираи ҷавон аст.
Саидаи Зайдулло номзади илми филология адабиётшинос, дар шаҳри Душанбе дар оилаи омўзгор ба дунё омадааст. Падараш Зайдулло Зикаев мурабии гуштини тарзи «Дзюдо» буда, модараш Сайлӣ дўзанда аст. Соли 1999 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 – шаҳри Душанбе, факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм какрдааст.
