Абдуғаффори Партав аз ҷумлаи касонест, ки ҳам рӯзноманигорӣ ва ҳам нависандагӣ кардааст. Ҳикояву повест ҳам навиштаву очерку лавҳа низ. Ва гоҳи дигар кори тарҷумонӣ ҳам кардаааст. Дар муаррифиномаи Иттифоқи нависандагон дар бораи ӯ мехонем:
АБДУҒАФФОРИ ПАРТАВ (Партоев Абдуғаффор) 13 августи соли 1943 дар деҳаи Арали ноҳияи Куйбишев (ҳозира Абдураҳмони Ҷомӣ) таваллуд ёфта, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Пас аз хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко ба кори матбуот гузашта, дар рӯзномаҳои «Маориф ва маданият» («Маданияти Тоҷикистон – «Адабиёт ва санъат»), нашриёти

Озарахш шояд ба муаррифии зиёд ниёз надорад. Аз шоирони маъруфи кишвар аст. Беҳтарин мутриб, беҳтарин оҳангсоз ва барои ҷавонони эҷодгар беҳтарин устод. Инҳо чанд ҳарфеанд, ки дар остонаи зодрӯзи адиби номвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ рехтанд. Ва он чӣ гуфтанду хондем арзёбии ҳаводоронаш аз шеъри ӯ, баҳои мунаққидон ба ашъораш буд. Ва расмҳое ҳам интишор ёфтанд, ки лаҳзаҳои зиндагии ӯро таҷассум мекарданд. Ӯ дар саҳна ҳам шеърашро мехонад ва ҳам таронаҳои хуш месарояд.
Гардишгари машҳур Армений Вамберӣ, ки дар асри 18 ба қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ омадаву ҳам таърих омӯхтааст ва ҳам расму русум, забон, фолклор, баъди бозгашт ба ватанаш сафардидаҳои худро дар чанд китоб ба чоп дод, ки бидуни шак аз аҳамияти илмиву таърихии бузурге бархӯрдоранд. Ин ки як сайёҳи хориҷӣ зиндагии ду қарн пеши ниёкони бузургвори моро тасвир кардааст, худ аз арзиши волои илмии асарҳои вай шаҳодат медиҳад. Аз силсилаи “Тоҷнома” “Саёҳат ба Осиёи Миёна”-и ҷаҳонгарди машҳур, олим, муаррих ва донандаи забонҳои зиёд ба чоп омода шуд ва қарор аст дар наздиктарин фурсат ба дасти хонанда расад.

Китоби дигар аз силсилаи “Тоҷнома” дар даст чоп аст. «Бохтар дар масири тамаддун» китоби 17-умин аз ин силсила дар Маркази “Тоҷикшиносӣ”-и Китобхонаи миллӣ омода шуд ва қарор аст рӯзҳои наздик аз чоп барояд. Китобест, ки дар он мақолоти зиёде аз осори қадим гирдоварӣ шудааст, то азамати давлати Бохтар ва бохтариёнро нишон диҳад.
Ҳангоми баргузории маросими сартарошон баъзе одатҳои сеҳромезро низ ба ҷо меоварданд. Аз ҷумла, пулу тангаҳоро ба пахта печонида, тухмҳои обҷўши рангаро ба тоқии шаҳ меандохтанд, ки серфарзанд шавад. Пас аз анҷоми сартарошон усто мўйҳои шаҳро аз пешдоман ҷамъ намуда, зери дарахти босамар гўр мекард.
Сартарошӣ, як навъ касби мардумӣ, яке аз пешаҳои қадим. Дар гузашта сартарошӣ фақат касби мардона буд. Сартарош баробари тарошидани мўйи сар, риш ва ба тартиб даровардани мўйлаб, инчунин хатна, хунгирӣ, табобати баъзе касалиҳои асабро ба уҳда
Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии
хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои
буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутобиқи
