Ҳамнишине беҳ аз китоб нахоҳ....

Китоб, арзандатарин дурри ноёб, калиди асрори илму хирад, ҳамсуҳбати беминнат ва ҳамнишини бовафост. Итоб аст, ки инсонро бомаърифат мекунад, закофати фитрии онро сайқал медиҳад ва ҷаҳони мутамаддинро ба рӯяш боз мекунад.

Китоб аст, ки инсонро обу тоб медиҳад. Зеро хирад дар китоб аст. Таълиму тарбияи дуруст, пеша намудани касб, сохтмони рӯзгор аз мутолиаи китоб

«Роҳҳои татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Аввалин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи китоб дар кишвар субҳи имрӯз бо конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Роҳҳои татбиқи инноватсия дар фаъолияти китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” шурӯъ шуд. Ин конфронс ба ифтихори 85-умин солгарди таъсиси Китобхонаи миллӣ ва “Рӯзи китоб” бахшида шуда буд.

Ширкаткунандагон маърӯзаи Директори

Суханронии Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон

Устодону донишҷӯёни гиромӣ! Муҳтарам роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ!

Ҳозирини арҷманд! Ҳамаи шумо ва устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагону донишҷӯён, аҳли маориф, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба муносибати оғози соли нави таҳсил, Рӯзи дониш ва дарси сулҳ табрик мегӯям.

Соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ТОҚИДӮЗӢ

Нақшу  нигори тоқиҳо вобаста ба минтақаҳо гуногун мебошанд.  Нақшҳои маъмултарин қаламфур , бодом, анор, баргак, ғунча, занҷирак, гули алав, гулҳои садбарг, лола ва ғайра мебошанд. Баъзе нақшҳо, масалан, қаламфур, тўмор, гулхор бо мақсади ҳимоят аз чашми бад, таъсири махлуқоти  фавқуттабиӣ дар тоқиҳо тасвир мешавад.  Нақшҳои бодому анор рамзи баракату фаровонӣ ва бодавлат шуданро ифода

Асрори маҳорат: ё нақши Алломаи Адҳам дар иҷрои Ато Муҳаммадҷонов

Ин ном барои хурду бузурги Тоҷикистон ошност. Ҳар як фарди ҳунардўсти  ҷумҳурӣ бо ихлосу эҳтиром номи ўро ба забон меорад. Зиёда аз ин ҳунари волояш Ато Муҳаммадҷоновро дар олам машҳуру маъруф кардаву оламиёнро тавассути нақшҳои дар синамо офаридааш ба тоҷику Тоҷикистон шиносонидааст. Ато Муҳаммадҷонов гули худрўйи гулистони ҳунари тоҷик буд. Ҳунару истеъдод ва шахсияту одамияти ў болотар аз ҳама сазовори тавсифу ситоиш аст.

Ҳабиб Аҳрорӣ: тарҷумон, нависанда, луғатсоз

Аз марги нобаҳангоми мутарҷими шинохта Ҳабиб Аҳрорӣ 35 сол сипарӣ шуд. Агар умр вафо мекард, имсол садупанҷсола мешуд. Ҳабиб Аҳрорӣ беҳтарин повесту румонҳои машҳури адабиёти ҷаҳонро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Шоҳкории Лев Толстой “Ҷанг ва сулҳ” низ бо заҳмати вай тоҷикӣ чоп шудааст.

Ҳабиб Аҳрорӣ 15 августи соли 1913 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар оилаи қаннод чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Мутарҷим, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Соли 1941 Факултаи забон ва адабиёти русии Институти педагогии Тошкандро хатм намудааст. Фаъолияти кории худро худи ҳамон сол

Страницы