Қабл аз зӯҳри имрӯз дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи китоб ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоб дар ташаккули фарҳанги маънавӣ» баргузор гардид. Дар нишаст зиёда аз 40 нафар донишмандон, мутахассисон, омӯзгорон ва коршиносони соҳа иштирок намуданд.
Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори
Садҳо нафар аз субҳ рӯ ба Китобхонаи миллӣ оварданд, то бо истифоа аз эълони Рӯзи дарҳои кушод имкони аз наздик ошно шудан ба ин боргоҳи маърифат дошта бошанд. Ҳар сол аввали моҳи сентябр Китобхонаи миллӣ бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷӯҳи сокинони кишвар ба китоб ва китобхона чанд рӯзеро чун Рӯзи дарҳои кушод эълон мекунад. Дар ин рӯз даҳҳову садҳо нафар вориди бино мешаванд ва бо имконоти ин маъхази
Дар «Рўзи китоб» ва остонаи Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурҳ кормандони фаъоли Китобхонаи миллӣ соҳиби нишони «Аълочии фарҳанг», «Аълочии матбуот» ва «Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуданд.
Аз ҷумла, бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мусоев Юлчмбой
Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ силсилаи намоишҳои китоб баргузор шуд. Хонандагон имкон доранд бо китобҳои тозанашри ноширони кишвар ва хориҷ аз он ошно шаванд.
Ҳамчунин як силсила китобҳои мавзуъӣ низ ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, намоиши китоб бо номҳои «Китоб – сарчашмаи дониш», «Китобҳои нодири КМТ», «Китобҳои
Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода гуфт, ки дар Рӯзи китоб метавон оид ба фазилатҳои китобу китобхонӣ зиёд ҳарф зад. Вале сухан аз китоб набояд якрӯзиву дурӯзӣ бошад. Абдусалом Мирализода, ки чанд дақиқа пештар дар ҳамоише оид ба Рӯзи китоб дар ҳузури ҷамъе аз донишмандон, ҳунармандон ва хонандагон сухан мегуфт, иброз дошт, ки миллати мо аз қадим ба китоб иртиботи
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорабиниҳо ба ифтихори Рўзи китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, адибон, ҳунармандон оғоз шуданд. Саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ ва зинаҳои ошёнаи дуюми даромадгоҳи асосӣ ба таври идона бо баннерҳо, намоиши ҳунарҳои эҷодии бонувони КМТ, гулҳо, расмҳо ва панду андарзҳо дар васфи китобу китобхонӣ оро дода шудаанд. Дар зинаҳо, аз ду тараф
