Миллат боз ҳам бояд якдил бошад, то душманон натавонанд ноамниро ба нафъи худ истифода кунанд

Имрӯзҳо ҳодисаи дар қаламрави ноҳияи Данғара рухдода мағзҳои бедори миллатро ором намегузорад. Тоҷикистони орому босуботро дар ин рӯзҳо як боди ноамнӣ қариб буд ба гирдоб печад. Қотиле чанд, ки акнун мансубият ва ҳуввияташон маълум шудааст, бо кор гирифтан аз амалҳои тарҳрезишудаи террористӣ ҳамла ба ҷони сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Амрикову Аврупо карданд, то обрӯи байналмилалии кишвари маҳбуби моро

Мо аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем!

Роҳбарият ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба мудири шуъбаи такмили адабиёт Муқаддас Тешаева ҷиҳати даргузашти бармаҳал ва нобаҳангоми

МОДАРАШ

изҳори ҳамдардӣ мекунад.
Ба марҳум аз даргоҳи Худованди бузург хонаи ободи охират ва ба бозмондагонаш   сабри ҷамил хоҳонем.

Владимир Войнович-ҳамватани мо, адиби маъруф аз олам даргузашт

Субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари марги бармаҳали Владимир Войнович-адиби шуҳратёри рус ва ҳамватани мо паҳн шуд. Бино ба навиштаи рӯзноманигор Виктор Давидов адиби маъруф бар асари сактаи қалб дар синни 85-солагӣ олами моро тарк кард. Худ зодаи шаҳри Душанбе ва фарзанди касест, ки дар рушди матбуоти даврони пуртаҳлуқаи Тоҷикистони замони Шўравӣ саҳми арзанда гузоштааст.  

Таблиғи ҳунарҳои мардумӣ миёни атфол дар маҳфили “Дастони моҳир”

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ яке аз ҳадафҳои аслии эълон шудани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин ташаббуси наҷиби худ хостанд имсол бештар мардуми кишвар сари ҳунарҳое андешанд, ки аҷдодонамон умре онҳоро такмил медоданд. Ва ин маҳфили “Дастони моҳир” ҳам ба ҳамин хотир буд. Яъне, дар қалби атфол ҷо кардани ҳунарҳои аҷдодӣ.

Аз ангуштонаш наво мерехт. Ёде аз бастакори шинохта Абдулфаттоҳ Одинаев

Агар умр вафо мекард, бастакори нотакрор Абдулфаттоҳ Одинаев имсол ба 80 медаромад. Дареғо, ки умри шахсиятҳои маъруф кутоҳ аст. 8 сол пеш олами моро тарк кард ва ба раҳмати Ҳақ пайваст. Вале асарҳои ҷовидонааш умри ӯро тӯлонӣ карданд. Имрӯз ҳам аз шабакаҳои гуногуни радио ва телевизион мутрибон оҳангҳои ӯро менавозанд ва ҳофизон таронаҳои ӯро месароянд. Ҳамин аст ҳикмати зинда мондани баъди рафтан.

Абдулфаттоҳ Одинаев 22 июли соли 1938 дар деҳаи Гузари ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1957 Омўзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва соли 1962 Консерваторияи давлатии

На Остон, достоне рафт аз мо...

Чӣ метавон гуфт, ки аз Раҳмон Остон ҳарфҳои ногуфта зиёданд. Инсоне буд самимӣ, хоксор, донишманд ва ба маънои томаш зиёӣ. Соҳибқалам, ҳам ҳикоя навишту ҳам очерку лавҳа ва ҳам аз хуштарин лаҳзаҳои рӯзгор гузоришҳои зинда омода кард. Замоне буд, ки аз аввалинҳо шуда барои пойтахти кишвар шабакаи телевизиониро роҳандозӣ кард.

Аммо ин умр, ки ба касе вафо намекунад, ба ӯ низ вафо накард. Чор сол пеш дар як рӯзи сарди зимистон олами моро тарк кард. Ҳоло агар зинда мебуд, аз баҳори 65-уми умраш гул мечид.

Ёдаш ба хайр!

Страницы