Cубҳи имрӯз Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон профессор Абдусалом Мирализода Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо ба омодагии худ ҷиҳати дар сатҳи баланд ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи китобу китобдорӣ таъкид намуданд.
Чунин ном дошт чорабинии Шӯъбаи хизматрасонии махсус, ки баъди зӯҳри дирӯз, 3-уми июл дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор гардид. Дар Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 8-уми июл Рӯзи маъюбон таҷлил мешавад ва чорабинии фарҳангии “Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад...” ба истиқболи ҳамин рӯз доир гардид.
Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ дар бораи
Боз 43 нафар хатмкунандагони ду давраи омӯзишӣ дар Китобхонаи миллӣ соҳиби шаҳодатномаҳои тахассусӣ шуданд. Ин ду омӯзиш аз моҳи феврали соли равон оғоз шуда буд ва охири моҳи июн ба анҷом расид.
Дар Маркази такмили ихтисос бо иштироки кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ду курси бозомўзӣ: «Асосҳои лоиҳасозӣ» (шурӯъ аз 6 феврали соли равон) ва «Феҳристнигорӣ» (оғоз аз

1 июл
Маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” дар боги ба номи устод Рӯдакӣ, бо ширкати садҳо нафар ҳаводорони шеъру мусиқӣ ва савту калом доир гардид. “Ҳамешабаҳор” маҳфиле аз маҳфилҳои адабии Китобхонаи миллӣ аст, ки аз ҷониби шоири шинохта Хайрандеш барномарезӣ ва баргузор мешавад.
Ин бор донишманди маъруф Ҷамолиддин Сайидзода ва дастаи ҳунарии “Сипар” бо ҳузури худ базми шеъру
Таътили тобистона сафи хонандагони толори хониши кӯдакон ва наврасонро зиёд кард. Дида мешавад, ки дар миёни наврасон касоне, ки мехоҳанд таътилашонро бо китоб гузаронанд, зиёданд. Ин мояи хушиву сарфаризист, ки бачаҳо бештар аз пештар ба китоб рӯ меоранд. Кормандони Шӯъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳам мекӯшанд ҳар талабу дархости хонандагони хурдсоли худро сари вақт иҷро намоянд, то
