Чунин ном дорад китоби донишманди тоҷик, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода. Ин китоби таҳлилӣ ба масъалаҳои мубрами истиқлоли миллӣ, гиромидошти забони модарӣ, густариши ахлоқи миллӣ, таъмини рушди устувору босуботи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои он бахшида шудааст.
Муаллиф дар сарсухани китоб менависад: “Неруи тарбиявии омӯзаҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ ҳамон вақт пуртаъсир мегарданд, ки худи ҷавонон имкони мушоҳидаи бевоситаи равандҳои таърихиро пайдо мекунанд ва ба сифати муҳаққиқи таърихи миллати хеш ба омӯзиш мепардозанд. Ва чунин имконро ба онҳо китобҳое медиҳанд, ки ба
Зиндагинома, фаъолияти сиёсӣ ва санъати давлатдории Нусратулло Махсум ниҳоят рангину гуногунмазмун буд. Ў яке аз нахустин поягузорони давлати миллии тоҷикон дар солҳои 20-уми қарни ХХ маҳсуб меёбад. Ин марди бузург аз раиси Кумитаи инқилобии ноҳияи Ғарм, то раиси Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ходими барчастаи давлатӣ, сарсупурдаи миллат Нусратулло Махсум 1 июли соли 1881 дар деҳаи «Чашмаи Қозӣ»-и бекигарии Қаротегини аморати Бухоро (ҳоло ноҳияи Рашт) дар оилаи деҳқони камбағал ба дунё омад.
Суҳбати зер бо бону Гулрухсор, ёдест аз Лоиқ. Бузургворе, ки бе номаш наметавон шеъри ним асри ахири тоҷикро таҳлил кард. Касе мисли Гулрухсор наметавонад Лоиқро барои ин миллат аз шеъраш, аз хулқу рафтори наҷибонааш, аз инсонияташ, аз ҷавонмардиву садоқаташ шиносонад. Лоиқ инсоне буд, ки ҳар ҳарфаш омўзанда аст. Гумон аст шеъри каси дигар ба ҳадди маъруфияти шеъри Лоиқ ҳаддақал барои як асри оянда миёни
Дар Исроил профессор Михаэл Занд дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт. Михаэл Исаакович Занд аз ҷумлаи маъруфтарин муҳаққиқони адабиёти форсу тоҷик буд. Занд муаллифи таълифоти зиёде дар бораи адабиёт ва фалсафаи форсӣ ва тоҷикӣ ва низ дар бораи фарҳанги яҳудиён дар Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. Як қатор осори адабии марбут ба забонҳои эрониро тайёр кардааст, аз ҷумла насри адабии яҳудиёни Бухоро дар поёни асри 19 ва оғози асри 20 ва ғайра.

Ба даргузашти шоири дардошно Лоиқ Шералӣ 18 сол шуд
ПАДРУДИ ОФТОБ
Устоди бузургвори ман! Ин сайёраи ятим, ин ҷаҳони бепарастор, ин лаҳзаҳои бесаъодат, ин миллати ғафлатпаноҳ ва ин мани дилшикаста бе ту буданро чӣ сон таҳаммул кунем? Бе касе, ки вуҷуди мунаввараш гилҳову дилҳову қандилҳову маҳфилҳоро офтобӣ мекард, бе касе, ки ҳузури азизаш ба зиндагонии пучи мо маъно мебахшид, бе касе, ки садои шаффофаш дар фазои мо рехта ва ҷонҳои мурдаи моро ангехта буд: Он зинда рафт ва ин мурдаҳо монданд.
Ба дунболи баргузории намоиши китоб бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ шуъбаи хизматрасонї ба муштариён низ даст ба ҳамин иқдом зад.
Дар ин намоиши китоб зиёда аз 30 нусха китобҳое, ки солҳои гуногун нашр шудаанд, бахшида ба иди Ваҳдати миллӣ гирдоварӣ шудаанд.
Хонандагон метавонанд бо китобҳои; “Достони
