Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифодаи техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар муддати кӯтоҳ даст ёбанд. Табиист, ки китобхона чун маркази муҳими
Оре, метавонем маҳфили навбатии “Дастони моҳир”-ро ҳамин гуна номгузорӣ кунем: МЕҲРГОНУ ЛАЪЛИИ ПУР АЗ МЕВА. Ва Меҳргон, ки ҷашни ҳосил ва тирамоҳ аст, лаълии пур аз меваи тару тоза низ хоси ҳамин мавсим аст. Пас мо ба бачаҳо дар ин бора ҳарф задем ва гуфтем, ки нишони Меҳргонро бояд дар ин миз дид. Лаълии пур аз меваҳои тару тоза.
Вале Меҳргон чист? Лозим омад бори дигар ёдрас
Тибқи анъанаи дерин имрӯз, шанбе, ки маъмулан як рӯзи истироҳатист, барои кормандони Китобхонаи миллӣ рӯзи низофату тозагӣ буд. Сарҷамъона даст ба тозакориҳо заданд, майдону боғи паси биноро аз хасу хасрӯбаҳо тоза карданд.
Бехи ниҳолҳоро нарм намуданд, хазонрезаҳоро руфтанд, ҷӯёборҳоро тоза карданд. Дарахт чун организми зинда ҳамеша ба парваришу нигоҳубин
Ҳастии инсоният ва сарнавишти он фалсафаи ибратомўз мебошад. Инсон дар ҳаёти худ ба мушкилиҳо ва бурдбориҳои гуногун рў ба рў мегардад. Яке аз сабабҳои асосии мушкилоти ҷойдошта, ки дар баробари гирдоби кашмакашиҳои низоъҳои сиёсию иҷтимоӣ, ба ҳатарҳои экологӣ низ дучор гаштааст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз қадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чорунсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онҳо эҳтиёҷ доранд. Модоме, ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олами обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем, тозаву
Дар моҳи октябри соли равон зиёда аз 150 адад китобҳо чун нусхаҳои ҳатмӣ ба шуъбаи такмили адабиёти Китобхонаи миллӣ ворид гардиданд. Ин китобҳо аз интишороти “Душанбе” , ”Матбуот”, “Эр- граф”, “Адиб” ва “Маориф” ворид дастрас гардиданд.
Акнун хонандагон имкон доранд дар ҳама толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ китобҳои зеринро суроғ кунанд:
“Ҷомеъ-ул-ҳикоят” аз ҷумлаи пурхонандатарин асарҳои адабиёти классикии мост, ки асрҳо ба инҷониб миёни ҳаводорони каломи бадаеъ шӯҳрат дорад. Ин китоб дар Тоҷикистони замони Шӯравӣ, аниқтараш аввали солҳои 80 асри гузашта ба срилик баргардон ва комил чоп шуда буд. Нусхае, ки ин ҷо меорем, ҷили дуввуми китоби мазкур буда, соли 1981 дар нашрияти “Ирфон” интишор ёфтааст.
Китоб бо дархости хонандаи мо Соро Меликова ин ҷо гузошта мешавад. Соро Меликова дар тамос аз тариқи саҳифаи сомонаи мо дар Фейсбук аз мо хоҳиш намуд барои пайдо кардан ва мутолиаи “Ҷомеъ-ул-ҳикоят” ёрӣ расонем. Соро Меликова менависад, ки берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва имкони рафтан ба Китобхонаи миллӣ надорад. Аз ин рӯ мехоҳад гузинаи электронии китобро мутолиа кунад.
